Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

А. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардад

( 0 Овоз )

А. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардад

Видео : А. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардад

Шоми  рӯзи чоршанбе, 21 май дар варзишгоҳи 20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  чорабинии идонаи бошукӯҳ бо иштироки  Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии табрикотии худ  гуфт, таҷлили бошукӯҳи Рӯзи ҷавонон, ки ҳамасола санаи 23 май барпо мегардад,  дар таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастовардҳои азими меҳнатии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон, ки ба сӯи ояндаи неку дурахшон қадамҳои боэътимод мегузоранд, нақши муниру барҷаста дорад.

Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон аз мулоқоти ахири Сарвари давлат бо ҷавонону наврасони лаёқатманди вилояти Суғд, ки  моҳи апрели соли равон дар Қасри Арбоб баргузор гардида буд, ёдовар шуда, афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқею мақом ва рисолати ҷавононро дар ҳаёти давлату ҷамъият ва таҷдиди рукнҳои бунёдгузори он пайваста хотирнишин мекунанд ва дар ҳар суханрониву мулоқоти хеш ҷавононро ба созандагию бунёдкорӣ даъват менамоянд.

Раиси вилоят ҳамчунин изҳор дошт, ки тибқи квотаи Президентӣ соли 2013 315 нафар хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат дохил гардиданд. Соли равон бошад, 324 нафар ба чунин имконият, ғамхории беназири Сарвари давлат мушарраф мегарданд.

Ба иттилои Раиси вилоят соли равон дар Олимпиадаи анъанавии ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ 78 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, ба гирифтани 57 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд, ки ин нишондод дар ҷумҳурӣ беҳтарин  мебошад.

Зикр гардид, ки имсол танҳо дар вилояти Суғд 347 стипендияҳои номӣ, аз ҷумла 100 стипендияи Раиси вилоят таъсис дода шудааст ва онҳо дар ҳавасмандкунию дастгирии мутахассисони ояндаву олимони ҷавон нақши муҳим доранд.

Абдураҳмон Қодирӣ инчунин аз нақши варшигарони номии вилояти Суғд, ки дар арсаи ҷаҳонӣ шарафи Тоҷикистонро ҳимоя мекунанд ситоиш намуд. Ӯ гуфт, бо мақсади ҳавасмандкунии варзишгарон барандаи медалҳои бозиҳои Олимпӣ, ки соли 2016 дар Рио–де–Женейрои Бразилия доир мегардад, бо тӯҳфаҳои арзанда қадршиносӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, барандаи медали тиллои олимпиадаи Рио–де–Женейро соҳиби хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ ва автомобили сабукрави “Тайота Камри”, барандаи медали нуқра соҳиби хонаи истиқоматии сеҳуҷрагӣ ва барандаи медали биринҷӣ дар ин олимпиада соҳиби автомобили сабукрави “Тайота Камри” мегардад.

Дар ин рӯз ҳамчунин ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ гувоҳномаҳо ва ба гирандагони стипедияҳои Раиси вилоят идрорпулиҳо супорида шуд.

Ҳамчунин, дар охир бо иштироки устодони санъати вилоят консерт баргузор гардид ва мушакпаронии идона шукӯҳи чорабиниро боз ҳам афзун намуд

Ҷоизи қайд аст, ки дар доираи чорабиниҳои таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон барои инкишофи фаъолияти эҷодии ҷавонон, дарёфт ва ба рӯи саҳна овардани истеъдодҳои нав, таҷаддуди суннатҳои ниёгон, такмил додани маҳорати иҷрокунандагии донишҷӯён маросими супоридани Стипендияи Раиси вилоят барои донишҷӯёну аспи-рантони мактабҳои олӣ, озмуни вилоятии «Беҳтарин ҳамшираи шафқат», Рӯзи дарҳои кушод дар қисмҳои низомӣ, Дави миллӣ, конфронси мустақим ва мубодилаи афкор байни донишҷӯёни тоҷики Федератсияи Россия ва Тоҷикистон, ҳашари умумивилоятии ҷавонон, ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ барои ҷавонони ниёзманд, барномаҳои телевизионӣ дар мавзӯъҳои «Тоҷикистон – кишвари ҷавонон», «Сайри ҷавонӣ» ва аёдати ҷавонони маъюбу камбизоат ба вуқӯъ пайвастанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

А. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардадА. Қодирӣ: Барандаи медали тиллои олимпиади Рио–де–Женейро соҳиби хона ва автомобил мегардад

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан