Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ

( 2 Овоз )
Табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ

Яке аз нишонаҳои беҳтарини ғамхории давлати  соҳибистиқлол ва биҳиштдомони Тоҷикистон нисбати коркунони соҳаи кишоварзӣ он аст, ки ҳар сол айёми тирамоҳи пурфайз  Рӯзи кишоварзон ба таври хотирмон таҷлил мегардад.

Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёт саҳми арзанда мегузоранд. Зеро рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвари азизамон хеле муҳим буда, чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур эътибори хоса зоҳир намуда, борҳо қайд кардаанд, ки соҳаи кишоварзӣ барои мамлакати мо яке аз соҳаҳои манфиатовар ва муҳимтарин ба шумор меравад.

Сол аз сол афзудани маҷмӯъи маҳсулоти кишоварзӣ ва дар бозорҳои берунӣ мавқеъ пайдо намудани он гувоҳи онанд, ки кулли кормандони соҳа тадриҷан мушкилиҳои мавҷударо бартараф намуда, дар шароити муносибатҳои иқтисодӣ тадбирҳо меандешанд.

Вазъи имрӯзаи соҳа ва талаботи ҷамъиятӣ, таъмини сатҳи баланди рушди он ба амал баровардани чораҳои заруриро нисбати густариши таҷдиди сохторӣ, ташкили шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ, механизми муносибатҳои бозорӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои фаъолияти истеҳсолкунандагонро тақозо менамояд. Дар иҷрои ин вазифаҳо ҳамагон бояд талош варзанд ва ҳиссагузор бошанд.

Боиси қаноатмандист, ки кормандони соҳа  бо дарки масъулият дар соли ҷашнвораи бузурги миллӣ - 20-солагии Иҷлосияи таърихи  XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешрафту инкишофи иқтисодиёт ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум меҳнати сазовор намуданд.

Кормандони соҳаро бо рӯзи иди касбӣ, иди ҳосилот, фаровонию осоиштагӣ муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат, хонаободӣ ва барори кор хоҳонам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ