Хабарҳо
Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:41
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:42
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент - 13.09.2019 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд - 13.09.2019 09:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 13.09.2019 08:52
Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:35
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент ​ ​ - 12.09.2019 15:18
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:44

Ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оиди омодагӣ ба фасли зимистон

( 0 Овоз )
Ҷаласа

Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2012-2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт. Пас аз сухани ифтитоҳии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дар бобати қарори ба тасвибрасида, яке аз масъалаи муҳим арзёбӣ гардидани давраи зимистонгузаронӣ, барои некӯаҳволии халқ муҳайё сохтани шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, бо ин мақсад тартиб додани нақша-чорабинӣ, захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ изҳори ақида намуд.

Вай аз ҷумла қайд кард, ки тибқи маълумоти баррасишуда тирамоҳи имсола мӯътадил бошад ҳам, аммо обу ҳавои фасли зимистон сардтар мегардад. Чунин вазъи ҳаво моро водор месозад, ки аз ин хусус чораҳои қатъӣ андешида, маводи сӯзишвориро бештар захира намуда, самти фаъолияти энергетикаро низ дуруст ба роҳ монем.

Аз рӯи маълумоти ширкати “Барқи Тоҷик” тӯли ҳашт моҳи соли равон дар вилоят ба миқдори 506,9 млн квт соат қувваи барқ истеҳсол шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллион квт соат зиёд мебошад. Истеҳсоли қувваи барқ сатҳи оби дарё ва воридоти он ба обанбор вобаста аст.

Азбаски мӯҳлати истифодабарии агрегатҳои ГЭС-и Қайроққум се маротиба аз меъёри муқаррашуда гузаштааст, таҷҳизотҳои барқӣ хеле фарсуда гаштаанд. Барои корҳои таъмирии обанбори барқии обии Қайроққум 1,5 миллион сомонӣ масраф гардид.

Сарвазир зимни суханронии хеш аз фаъолияти нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯда -1 ва Сангтӯда -2 ёдовар шуд. Мавсуф изҳор кард, ки азбаски маблағи пардохти истифодаи қувваи барқ аз меъёри муқарраршудаи тарифии он ду маротиба кам мебошад, то имрӯз аз Сангтӯда -1 ба миқдори 60 млн доллари амрикоӣ ва аз Сангтӯда – 2 7,5 миллион доллари амрикоӣ қарздор ҳастем. То якуми сентябри соли ҷорӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқ ва аҳолии вилоят ба миқдори 181, 3 млн сомонӣ қувваи барқ дода шуда, талафот дар ин давра 441,3 млн квт соат ва ё 17,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин хеле ташвишовар аст.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ низ Сарвазирро ба ташвиш овард. Қувваи барқи истифодагардида дар вилоят 156,5 млн сомониро дар бар гирифт. Қарзи умумии вилоят дар назди ширкати “Барқи Тоҷик” 228,9 млн сомонӣ буда, аз ин 57,9 млн сомониаш ба аҳолӣ дахл дорад. Қарзи ҷорӣ дар ин давра 24,7 млн сомониро ташкил кард, ки аз ин 6 млн сомониаш аз ҷониби аҳолӣ пардохт нагардидааст. Сабаби зиёд гардидани қарзро Оқил Оқилов аз сари вақт пардохт накардани як қатор корхонаҳо донист.  Қарзи дебитории хоҷагии мелиоратсияи захираҳои об – 132,7 млн сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 11,6 млн сомонӣ ва аҳолӣ 57,9 млн сомониро дар бар гирифтааст. Дар вилоят маблағи қувваи барқи истифодашуда 16 млн сомониро ташкил дода, ҳамагӣ ба маблағи 579 ҳазор сомонӣ пардохт гардидаасту халос. Аз ин нишондод бармеояд, ки қарзи истифодаи қувваи барқи вилоят ба ҷойи кам гардидан афзуда истодааст, дар ин бора мебояд, ки масъулини вилоят чораҳои зарурӣ андешанд.

Сипас Сарвазири ҷумҳурӣ аз мутасаддиёни соҳаи барқ ҳолати нигаҳдории техникӣ, масъалаи муҳим будани таъминоти хатти баландшиддат, воқиф будан аз вазъи 560 муштариёне, ки дар вилоят бо хатти озод таъминанд, ҳолати истифодаи қувваи барқ дар иншоотҳои ҳаётан муҳим ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро вазифадор сохт, ки якҷоя бо сохторҳои салоҳиятдор бо мақсади сари вақт пардохт намудани маблағи истифода қувваи барқ корҳои тарғиботию ташвиқотӣ баранд.

Яке аз роҳҳои беҳтари истифодаи қувваи барқро Сарвазири ҷумҳурӣ аз сохтани сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқӣ донист. Дар вилоят тибқи барномаи дарозмӯҳлати бунёди силсиланерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 сохтмони 46 нерӯгоҳҳои хурд бо тавоноии 25595 квт соат ва бо маблағи умумии 29 млн 630 ҳазор доллари ИМА  аз ҳисоби маблағгузории Бонки исломии рушд ва сармоягузорони ватанию хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамчунин О.Оқилов дар бораи фаъолияти нерӯгоҳҳои хурди барқӣ, корношоям будани чанде аз онҳо, ҳангоми тобистон ба ҷойи истеҳсоли барқ ба миқдори 7 млн квт соат партофтани об, аз ҷониби баъзе нафарони мутасаддӣ дар ҷойи нолозима гузоштани нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ва фаъолият накардани онҳо ёдовар шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин дар бораи истеҳсоли синтез-газ ва манфиати он, воридоти гази моеъ  ва нуктаҳои фурӯши он, таъминоти аҳолӣ бо гази моеъ, ба таври доимӣ фаъолият бурдани се корхонаи калони истеҳсол, истихроҷ ва захираи ангишт, торафт зиёд гардидани талабот ба ин навъи сӯзишворӣ сухан рафт. Нуктаҳои фурӯши гази моеъ дар вилоят 279 адад буда, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 65 адад зиёд мебошад. Айни ҳол 50 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардида, захираи он 22 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки инро Сарвазири ҷумҳурӣ ғайриқаноатбахш донист. Дар шароити имрӯза, қайд кард О. Оқилов захираи ангишт ва нуктаҳои фурӯш дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ мувофиқи матлаб нест. Фаъолияти корхонаҳои истихроҷи ангишт ва истеҳсоли онро ғайриқаноатбахш дониста, дар ин бобат андешидани чора ва тадбирҳои иловагиро тавсия дод.

Мавсуф оид ба омодагӣ ба давраи зимистонгузаронӣ дар ташкилотҳои нақлиётӣ, нигаҳдории роҳҳо, захираи сӯзишворӣ барои роҳҳои лажғонак, таҳти назорати доимӣ гирифтани хизматрасонӣ дар ағбаҳо, тоза кардани чоҳҳо изҳори ақида кард.

Сарвазири ҷумҳурӣ кормандони соҳаи кишоварзиро таъкид намуд, ки ба  давраи зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба бинанд, махсусан дар бахши чорводорӣ ва захираи хӯроки дурушт.

Давраи зимистонгузаронии соҳаҳои маориф ва тандурустиро ёдовар шуда, О. Оқилов қайд кард, ки захираи сӯзишворӣ дар соҳаҳои номбурда, дар муассиаҳои таълимии баъзе шаҳру навоҳӣ, дегхонаҳои буғии баъзе беморхонаҳо, хонаи пиронсолон мувофиқи матлаб нест.

Оид ба вазъи тайёрӣ ба мавсими зимистон дар соҳаҳои хоҷагии халқ, ба тасвиб расидани қарор ва ташкили ситоди сайёр, истифодаи лампаҳои каммасраф, захираи хӯрока дар соҳаи кишоварзӣ, ҷамъоварии ангишту ҳезум дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ муовини Раиси вилоят Мубинҷон Қаюмон маълумоти муфассал дод.

Сипас оид ба омодагӣ ба давраи зимистони солҳои 2012-2013 раисони шаҳру навоҳии Хуҷанд, Қайроққум, Панҷакент, Ашт, Спитамен, Зафаробод  ва муовини Раиси ширкати “Барқи Тоҷик” Мӯъминҷон Тошматов пурсида шуданд.

Дар ҷамъбаст Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов бори дигар ҳамагонро таъкид кард, ки дар масъалаи захираи сӯзишворӣ, ташкили нуктаҳои фурӯши маводи сӯхт, бартарф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва пардохти саривақтии истифода қувваи барқ чора ва тадбирҳои мушаххас андешанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов оиди омодагӣ ба фасли зимистон