Хабарҳо
Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:41
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:42
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент - 13.09.2019 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд - 13.09.2019 09:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 13.09.2019 08:52
Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:35
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент ​ ​ - 12.09.2019 15:18
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:44

Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ғончӣ

( 1 Овоз )
Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ғончӣ
Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ғончӣ
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба ноҳияи Ғончӣ сафари корӣ анҷом дод.Нахуст Раиси вилоят  бо картошкапарварони  хоҷагиҳои деҳқонии «Янгиариқи боло» мулоқот намуда, бо ҷараёни чидани ҳосил ва дигар масъалаҳои иҷтимоии сокинони ин минтақа ошно шуд.

Зикр кардан ба маврид аст,  имсол картошкапарварони ноҳияи Ғончӣ   пеши худ нақша гузоштаанд, ки 400 ҳазор тонна  ҳосил гиранд. Ин аз ҳар гектар 300 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар идомаи сафараш  Қоҳир Расулзода дар маросими кушодашавии  бинои нави мактаби таҳсилоти умумии № 19 дар деҳаи Овчии ноҳияи Ғончӣ  барои 300 хонанда иштирок намуд.

Мактаби мазкур ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ тариқи ҳашар сохта ба истифода дода шуд, ки ин иқдомро зимни суханрониаш Раиси вилоят шоёни пайравӣ донист.

Инчунин  изҳор дошт, ки аз ҳисоби буҷаи вилоятӣ  барои таъмири Хонаи саломатии деҳа маблағ ҷудо карда мешавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сафари кории Раиси вилоят ба ноҳияи Ғончӣ