Хабарҳо
Азнавсозии иншооти партовобтозакунии шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид - 16.09.2019 09:50
Сидиброз Икромов дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби медали тилло шуд! - 16.09.2019 09:47
Кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташкилоту идораҳо ба ҳашари пахтачинӣ баромаданд - 16.09.2019 09:30
Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:41
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:42
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент - 13.09.2019 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд - 13.09.2019 09:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 13.09.2019 08:52
Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:35
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36

Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ

( 1 Овоз )
Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ
Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ
Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ
Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Санаи 11 сентябр пас аз нисфирӯзӣ   Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба шаҳри Панҷакент омад. Зимни сафари корӣ Раиси вилоят дар деҳаи Некноти Нови ҷамоати деҳоти ба номи Рӯдакӣ дар расми кушоди мактаби замонавӣ ба маблағи 1 миллиону 300 ҳазор сомонӣ, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳр сохта шудааст, иштирок намуд.

Раиси вилоят Қоҳир Расулзода пардаро аз рӯи лавҳаи хотиравии Абдунабӣ Бойматов, ки назди мактаб гузошта, гирифта, афзуд, ки  Абдунабӣ Бойматов тӯли 12 сол чун мудири шӯъбаи маорифи шаҳр  фаъолият намуда, барои меҳнатҳои шоистааш бо пешниҳоди мардуми деҳа мактаби нави таҳсилоти умумии асосии №7 –ум ба номи ӯ гузошта мешавад.  Сипас Раиси вилоят ба дохили бино ворид шуда, дар синфхонаҳо бо толибилмони дабистон мулоқот намуд.

Бояд гуфт, ки мактаби мазкур бо  таҷҳизоти ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, он дорои 12 синфхона, барои 114 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст. Раиси вилоят Қоҳир Расулзода омӯзгорону хонандагон ва мардуми деҳаро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба 21-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва 20- солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, кушодашавии мактаби нави замонавиро ба мардуми маҳал иқдоми нек арзёбӣ кард ва ду компютерро ба мактаб аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тӯҳфа намуд.

Сипас раиси шаҳри Панҷакент  Хисрав Абдуназаров миннатдории худ ва мардуми шаҳрро ба Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Қоҳир Расулзода барои чунин ғамхориву дастгириашон изҳор дошт.

Дар идомаи сафари корӣ  Раиси вилоят Қоҳир Расулзода ба хоҷагии деҳқонии «Андар» ташриф овард. Хоҷагии деҳқонии «Андар» соли 1998 таъсис ёфта, он 260 аъзо дошта,  дорои 167 гектар замин буда, аз он 119 гектараш боғ мебошад. Раиси хоҷагии «Андар» Бобомурод Ҷӯраев изҳор дошт, ки хоҷагӣ асосан бо боғу токпарварӣ машғул буда, ҳамнчунин кишти картошка, ҷаву гандум ва офтобпарастро ба роҳ мондааст.

Дар идомаи сафари кории хеш Раиси вилоят Қоҳир Расулзода шоми ҳамон рӯз аз сехи нави корхонаи муштараки "Зарафшон", ки сохтмонаш идома дорад  боздид ба амал овард. Корхона бо дастгирии ширкати «Зилин»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой сохта шуда, он дар мӯҳлати муайяншуда баистифода дода мешавад.

Шоми ҳамон  рӯз Раиси вилояти Суғд Коҳир Расулзода бо мақсади баён намудани ҳамдардии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилоят ба аҳли байти сарбози шуҷои Ватан, ки зимни  амалиёти махсуси ниҳодҳои қудратӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст дар шаҳри Хоруғи маркази вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ  ҳалок  шуда буд, ба ҷамоати Шинг, ба хонаводаи Фирдавс Раҳимов  ба таъзия рафт.  Раиси вилоят Коҳир Расулзода ҳамдардии Ҷаноби Олӣ, президенти мамлакат Эмомалии Рахмонро ба хонаводаи марҳум изор намуда, аз даргохи худованд ба аҳли байт сабри ҷамил хост ва таъкид намуд, ки ин қаҳрамонони Ватан, ки барои осоиштагии  ва сулҳу субот дар Тоҷикистон ҷони худро дареғ надошта ҳеч гоҳ фаромӯш намешаванд.

Ҳамзамон санаи 12-уми сентябри соли 2012 Раиси вилоят Қоҳир Расулзода аз кӯчаҳои нав мумфаршшудаи ба номи Лоиқ Шералӣ, Саъдӣ Шерозӣ ва Абурайҳони Берунии марказии шаҳри Панҷакент дидан намуд.  Бояд қайд кард, ки ин кӯчаҳо бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ асфалтпӯш  шуданд. Ин иқдоми ҳокимияти маҳаллиро Раиси вилоят нек арзёбӣ намуда, ба масъулин супориш дод, ки дигар кӯчаҳои шаҳрро низ бояд  таъмиру мумфарш намоянд.

Зимни сафар Қоҳир Расулзода ба хоҷагии деҳқонии «Суҷина» ташриф овард. Хоҷагӣ дорои 240 гектар замин буда, 160 гектараш замини обӣ мебошад. Дар  2 гектари он деҳқонон кишти гандуми тирамоҳӣ  гузаронидаанд.

-Хоҷагии мо асосан бо кишти гандуму ҷав, картошкаву сабзӣ ва  пиёз машғул аст,- гуфт раиси хоҷагии деҳқонии «Суҷина» Маҳмуд Расулов,- аз ҳар  гектар 40 сентнерӣ ҳосили гандуму ҷав мегирем.

Субҳи ҳамон рӯз Раиси вилоят ба ноҳияи Айнӣ сафар карда, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар мактаби деҳаи Сангистон дидан ба амал овард. Сохтмони мактаб аз моҳи майи соли 2011 бо дастгирии мақомоти иҷроияии ҳокимияти давлатии вилоят бо маблағи 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ оғоз гардида, он дар арафаи анҷомёбист. Ҳангоми ба истифода додани мактаб дар як баст 320 хонанда таҳсил хоҳанд кард.

Имрӯзҳо корҳои сохтмонӣ дар мактаб ба анҷом расида,  танҳо толори маҷлисгоҳ,  деворҳои атроф ва корҳои ободонии он идома дорад.  Раиси вилоят зимни боздид  ба масъулин супоришҳои қатъӣ дод, ки то мӯҳлати муайяншуда, камбудиҳо бартараф карда, то ҷашни дар пешистода ба итмом расонанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят аз шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ