Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21
Дар Истаравшан теъдоди стипендияҳои раиси шаҳрро зиёд карданд - 20.01.2022 17:04
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ - 20.01.2022 17:02
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид - 18.01.2022 14:17
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15

Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

( 0 Овоз )

2 декабри соли 2021 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир шуд.

Дар машварат муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, мудирони шуъбаю бахш, сардорони сарраёсату раёсат ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Раиси вилоят машваратро оғоз намуда, таъкид кард, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бояд масъулин бо дарки масъулият нақшаву уҳдадориҳоро иҷро намоянд.

Сипас, гузоришҳои муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар, муовинони Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ва Анвар Яъқубӣ доир ба вазъи соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, омодагиҳо ба зимистонгузаронӣ, иҷрои нақшаи андозҳо, даъвати ҳарбӣ, обуна ба матбуоти даврӣ, фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсияи зидди COVID-19 шунида шуд.

Дар машварат иттилоъ дода шуд, ки дар даҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 99 корхона бо 887 ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ-саноатикунонии босуръат аз тамоми имкониятҳо истифода гардида истодааст. Нақшаи захираи ангишт барои соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг бошад 106,5 фоиз иҷро шуда, соҳаҳо барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани фасли зимистон омода мебошанд.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2022 дар вилоят бунёди беш аз 2000 гектар боғҳои нав ба нақша гирифта шудааст. Бо назардошти хусусияти хоси минтақаҳо дар навоҳии вилоят боғоти гуногун бунёд гардида, барои ташкили боғҳо заминҳои ғайрикишоварзӣ истифода хоҳад шуд.

Дар масъалаи фарогирии аҳолӣ ба ваксинатсияи зидди COVID-19 аз тарафи масъулин корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷараён дошта, то имрӯз 45 фоизи аҳолии вилоят воксина гирифтаанд.

Раиси вилоят бо таҳлили вазъи соҳаҳои гуногун ба масъулин, раисони шаҳру ноҳияҳо ва роҳбарони ниҳодҳои марбута барои омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими нав, захираи тухмии пахтаву картошка, азхудкунии заминҳо, дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани мавсими зимистон, истифодаи оқилонаи замин, бунёди боғҳои нав дар талу теппаҳо, бо гармӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимиву тиббии шаҳру ноҳияҳо, таъмини фаъолияти муназзами гармхонаву сардхонаҳо, таъсиси корхонаҳои нав, таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода