Хабарҳо
Машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - 24.01.2022 12:43
Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бунёди боғҳои нав оғоз ёфт - 23.01.2022 14:36
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз шаҳри Гулистон - 23.01.2022 14:13
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Бӯстон - 22.01.2022 14:17
Қадршиносии ғолибони озмуни "Беҳтарин муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар соли 2021" - 21.01.2022 11:45
Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 20.01.2022 21:21
Дар Истаравшан теъдоди стипендияҳои раиси шаҳрро зиёд карданд - 20.01.2022 17:04
ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТ ВА БАРРАСИИ ДУРНАМОИ НАВ - 20.01.2022 17:02
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз як миллион воя воксина бар зидди коронавирус ворид гардид - 18.01.2022 14:17
Толибилмони Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд аз ИМА 6 медали нуқраву биринҷӣ оварданд - 18.01.2022 09:15

Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус

( 0 Овоз )

2 декабри соли 2021 дар Қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини Раиси кумитаи иҷроияи вилояти Могилёв Руслан Страхар ва соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус доир гардид.

Раиси вилоят аснои мулоқот бо ёдоварӣ аз сиёсати пешгирифтаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко иброз дошт, ки имрӯз сатҳи ҳамкориҳои вилоятҳои Суғду Могилёв беҳтар гардида, ҷонибҳо дар асоси созишномаҳои дуҷониба ва муносибатҳои деринаи дӯстона барои рушду тавсеаи робитаҳо талош доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон вобаста ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят ва имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳо дар бахшҳои саноату кишоварзӣ маълумот дода, хостори амалисозии иқдомҳои мушаххас шуд.

Роҳбари ҳайат Руслан Страхар бошад таъкид дошт, ки сафари намояндагони вилояти Могилёв ба вилояти Суғд саҳифаи наверо дар муносибатҳои миёни вилоятҳо боз намуд. Ӯ таъкид кард, ки доираҳои тиҷоратии ду вилоят бо ҳам мулоқот ва барои амалисозии тарҳҳои муштарак иқдом хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати вилояти Могилёв давоми чанд рӯз бо фаъолияти корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон, Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров ва Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ошно шуда, ҷиҳати густариши робитаҳо бо соҳибкорони вилояти Суғд вохӯриҳо доир менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо соҳибкорони Ҷумҳурии Беларус