Хабарҳо
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд - 30.11.2021 16:40
Ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак доир гардид - 30.11.2021 16:34
Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус аз Суғд боздид мекунад - 30.11.2021 14:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро ба ҳузур пазируфтанд - 30.11.2021 10:59
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58

Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021"

( 0 Овоз )

20 октябр дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода, намояндагони вазорату идораҳо, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, намояндаи доимии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Мехта Пратибха, намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Евгений Коренков, президенти палатаи савдо ва саноати вилояти Липетски Федератсияи Россия Анатолий Голтсов, муовини ҳокими вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшан Юлдошев, муовини ҳокими вилояти Самарқанди ҶӮ Ҷамшед Ҳайдаров, муовини ҳокими вилояти Фарғонаи ҶӮ Хуршедҷон Ахмедов, роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, беш аз 200 нафар тоҷирону соҳибкорон ва сармоягузорон аз Россия ва Ӯзбекистон, зиёда аз 200 нафар соҳибкорону роҳбарони корхонаҳои саноатии вилоят ва дигар минтақаҳои кишвар иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ифтитоҳи ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" сухан карда, иброз дошт, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон робитаҳои иқтисодии кишвар бо мамолики дуру наздик сол аз сол тақвият ёфта, баҳри рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фазои мусоид фароҳам оварда шудааст. Ӯ таъкид намуд, ки дар натиҷаи тадбирандешиҳо муносибатҳои иқтисодии вилоят бо кишварҳои минтақа дар ҳоли рушд буда, бо сармоягузориҳои дохиливу хориҷӣ даҳҳо корхонаҳои саноатии наву муштарак фаъол гардидаанд, ки ба нафъи ҷонибҳо мебошад.

Раиси вилоят ҳамзамон ёдовар шуд, ки вилояти Суғд чун водии имкониятҳо шинохта шуда, барои амалисозии тарҳҳои муштарак дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ имконоту захираҳои истифоданашуда зиёд аст ва Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021" шароит фароҳам меоварад, ки доираҳои тиҷоратии кишварҳо миёни ҳам мубодилаи иттилоъ намуда, баҳри роҳандозии иқдомҳои наву самаровар чораҷӯӣ намоянд.

Сипас, роҳбарони ҳайатҳо ва соҳибкорону тоҷирон аз намоишгоҳи маҳсулоти саноативу кишоварзии дар вилояти Суғд истеҳсолшаванда боздид намуда, бо маҳсулоти беш аз 200 корхонаҳои саноатӣ ва аграрӣ шинос гардиданд.

Давоми рӯз соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия оид ба таҳкими робитаҳо, лоиҳаҳои муштарак ва тарҳҳои нав гуфтушунид хоҳанд кард ва бегоҳирӯзӣ маросими пӯшидашавии ярмарка доир мегардад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Маросими кушодашавии ҳафтумин Ярмаркаи байналмилалии савдо "Суғд-2021"