Хабарҳо
Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия мулоқот намуд - 30.11.2021 16:36
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» имзо гузоштанд - 30.11.2021 16:40
Ҷаласаи ғайринавбатии Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак доир гардид - 30.11.2021 16:34
Ҳайати расмии вилояти Могилёви Ҷумҳурии Белорус аз Суғд боздид мекунад - 30.11.2021 14:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ий Ёнро ба ҳузур пазируфтанд - 30.11.2021 10:59
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан озмун эълон менамояд - 29.11.2021 14:52
Имзои созишномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони вилояти Суғд ва кишвари Красноярски ФР - 29.11.2021 14:51
Маркази матбуоти Ситоди байниидоравии таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ хабар медиҳад - 29.11.2021 14:10
Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд - 29.11.2021 14:05
Public Order in Khorugh Fully Restored - 29.11.2021 13:58

Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд

( 0 Овоз )

Дар толори АРТ-Галерияи "Сомониён"-и шаҳри Хуҷанд намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов таҳти унвони "Ин нақш монд аз қаламат ёдгори умр…" баргузор гардид, ки аз маҳсули офаридаҳои ин рассоми моҳир Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мирзофирўз Сулаймонов омўзгор, мусаввир, дизайнер, кандакор ва яке аз ҳайкалтарошони номии шаҳру вилоят буд. Фаъолияти эҷодии Мирзофирўз Сулаймонов бисёрсоҳа буд ва муаллифи силсилаи миниатюраҳо  дар мавзуйи «Шоирони классикӣ», «Баҳор», «Наҷоти Юсуф», «Маликаи кўҳсор», «Ғазалиёти Умари Хайём», «Фаслҳои сол», «Озод», «Устод бо шогирдон», «Қадаҳи Хайём мебошад. Дар ороиши якчанд китоби нависандагон ҳиссагузорӣ намудааст. Мавсуф соли 2006 дар корҳои ороишии Осорхонаи этнографии вилояти Суғд «Тахти Ҷамшед», соли 2007 дар корҳои ороишии бўстонсарои шаҳри Гулистон «Панораи Сарчашма», соли 2011 дар кошинкории маҷмааи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд фаъолона ширкат намудааст.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз санъату эҷодиёти волои рассом-оришгар Мирзофирўз Сулаймонов тавсиф намуда, онро намунаи олии пайравӣ ва омўзиш ба насли наврасу ҷавон унвон намуд.

Таъкид шуд, кидар санъати чеҳранигори Мирзофирўз Сулаймонов ба комёбиҳои назаррас низ ноил шудааст. Чеҳраҳои офаридаи ў шахсони касбу кори гуногун буда, симои тасвиршаванда, дунёи ботинӣ, зоҳирӣ ва маънавии ў воқеъбинона нишон дода шудааст. «Симои падар», «Парвинахон», «Симои дўст», «Духтари рассом аз ҷумла намунаи  асарҳои чехранигории ўст.

Арбоби ҳунари Тоҷикистон Ғафурҷон Ҷўраев зикр намуд, ки байни рассомон Мирзофирўз Сулаймонов бо сабку хусусият ва диду нигоҳи хос фарқ мекард. Ҳангоми офаридани асарҳо ба фалсафаи он бештар аҳамият медод ва аҳли хонаводааш илҳомбахши ў буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят бо намоиши эҷодиёти мусаввири шодравон Мирзофирӯз Сулаймонов ошноӣ пайдо намуд