Хабарҳо
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд бо директори намояндагии Бонки рушди Авруосиё дар Тоҷикистон - 24.09.2021 17:19
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - 24.09.2021 09:50
Ашт. Иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҳашари пахтачинӣ - 23.09.2021 19:00
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Варзишгоҳи марказии ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд - 23.09.2021 16:43
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон майдони Парчам ва Нишони давлатиро дар маркази ноҳияи Балҷувон ифтитоҳ намуданд - 23.09.2021 16:40
Президенти мамлакат дар Балҷувон Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияро ба истифода доданд - 23.09.2021 16:34
Ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ дар Хуҷанд чорабинӣ доир гардид - 23.09.2021 10:10
Ба зодгоҳи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон" - туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо теъдоди 63 940 нусха дастрас гардид - 23.09.2021 10:08
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Гулистон - 23.09.2021 09:57
Нашри китоби "30 баҳори Истиқлол" дар Хуҷанд - 22.09.2021 15:55

Дар шаҳри Исфара машварати кории назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт

( 0 Овоз )

Дар машварати корӣ раиси шаҳри Исфара, муовинони раиси шаҳр,  роҳбарони сохторҳои қудратӣ,  раисони ҷамоатҳо , сардухтур ва роҳбарони корхонаҳои саноатии шаҳр иштирок намуданд.

Дар машварати корӣ дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирӣ ва беҳтар кардани вазъи эпидемологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид карда шуд, ки саломатии ҳар як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Роҳбари давлат қарор дошта барои пешгирии паҳншавии беморӣ ва муолиҷаи саривақтии сокинон тамоми тадбирҳои зарури сари вақт андешида шуда истодаанд.

Дар машварати корӣ ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки дар шаҳру деҳоти Исфара 250 нафар табибони оилавӣ барои пшгирии сироятёбии беморон омода карда шуданнд. Ҳамчунин дар беморхонаи марказӣ ва ҷамоатҳо катҳои муолиҷавии  дар ҳолати зарурӣ омода карда шудаанд. Аз ҷониби Раиси вилоят дастур дода шуд, ки дорувориҳои зарурӣ, корҷома, ниқоб ва маводҳои антисептикӣ захираи семоҳа карда шавад. Ҳамчунин ба раисони ҷамаотҳо, фаъолон супориш дода шуд, ки байни мардум ташвиқоту таршиботи пешгирии бемориро пурзур намоянд ва гаштугузор, баромадан аз хона,  бе ниқоби муҳофизати манъ карда шавад. Меъёрҳои нигоҳ доштани фосила риоя гардад, зеро риоя нагардидани қоидаҳои санитарӣ гигиени боиси паҳншавии бемори мегардад.

Раиси вилоят барои пурзур кардани корҳои безараргардони ва саривақт бартараф кардани нуқтаи пайдоиши беморӣ таваҷҷӯҳи махсус дода, ба масулин дастур дод, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Бинобар маълумоти фаврӣ то ҳол 34 нафар бо нишонаҳои бемории короновирус ва илтиҳоби шуш бистари карда шуда, 14 нафар бад аз табобат ва беҳтар гаштани вазъи саломатӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуд. Шабонарӯзи гузашта дар шаҳру деҳоти Исфара ягон муроҷиат бо нишонаҳои ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои табибон 200 адад корҷома, миқдори зарурии ниқобҳо, маводҳои антисептикӣ ва доруворӣ, ҳамчунин маводи хурока аз қабили орд, биринҷ, равған ва дигар лавозимоти зарурӣ дастрасс гардид.

Дар машварати корӣ масъалаҳои кишоварзӣ, саривақт гузаронидани кишти баҳории сабзавоту полезӣ ва картошка, фаъолияти мунтазами корхонаҳои саноатӣ, омодаги барои коркарди меваи зардолу мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


ШУМО ДАР: Навид Дар шаҳри Исфара машварати кории назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт