Хабарҳо
Ба куҳҳои ноҳияи Шаҳристон 23 сар оҳуи муфлони аврупоӣ оварда шуд - 03.06.2020 17:28
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Шаҳристон - 03.06.2020 13:46
Дар Ҷамъияти саҳомии пўшидаи "Оби Зулол" хатҳои нави истеҳсолӣ фаъол мешавад - 03.06.2020 12:58
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз хоҷагии деҳқонии «Шердил» - 03.06.2020 12:56
Сафари кории Раиси вилоят ба Ҷамоати деҳоти Далёни болои ноҳияи Деваштич - 03.06.2020 12:55
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12

Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид

( 0 Овоз )

Субҳи рӯзи 27-уми март дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар кори он аз 710 нафар вакилон 702 нафар иштирок намуданд.

Дар ҷаласа як масъала интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии вилояти Суғд рақами 2 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт. Ҷаласаи мазкур бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Вобаста ба интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи аъзоёни комиссия, тартиби баргузории интихобот ва шароити мавҷуда раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии вилояти Суғд, №2 оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Биволида Самадӣ суханронӣ намуд.

Мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳавзавии интихоботии вилояти Суғд, рақами 2 иборат аз 15 нафар таъсис дода шудаанд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷадвали тасдиқ намудаи Раиси вилоят санаҳои 12, 13-уми марти соли 2020 иҷлосияи Маҷлисҳои вакилони халқи вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо доир гардиданд ва дар онҳо 5 нафар номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон якдилона пешбарӣ карда шуданд.

Аз ҷумла Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, Фирӯза Мӯъминова мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан, Мадина Набизода директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон», Карима Ҳакимова сартабиби Беморхонаи №1-уми ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ва Мурод Шукурзода раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, пешбарӣ гардиданд. Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ мутобиқи моддаи 43-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сатҳи баланди ташкили бо таъсиси хонаҳои махсуси пинҳонии овоздиҳӣ ва блютенҳо сурат гирифт.

Маврид ба зикри хос аст, ки тибқи тартиби мақарраргардида интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи вакилони вилояти ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид ва ширкаткунандагон ба ҷонибдории номзадҳои арзандаи пешниҳодгардида овоз доданд.

Пас аз анҷоми овоздиҳӣ аъзои комиссияи ҳавзавии интихобот натиҷаҳои овоздиҳиро мутаносибан нисбати ҳар як номзад муайян намуданд. Ҳамин тавр тибқи натиҷагирии аъзоёни комиссияи ҳавзавии интихот ба ҷонибдории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 100-дар сад Фируза Муъминова 95,3-дарсад, Мадина Набизода-96 дарсад, Карима Ҳакимова -95,7 дарсад, Мурод Шукурзода 95-дарсад овоз доданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар аъзоёни тозаинтихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътимоду боварӣ ва интихоб ба вазифаи пурмасъулияту шарафманд пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, зикр доштанд, ки ҳамаи он донишу малака ва таҷрибаи доштаашонро баҳри таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ, афзун гардидани ҳаҷми истеҳсолот, рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинон ва ҳаллу фасли мушкилоту муаммоҳои сокинон сарф хоҳанд намуд.

Дар идомаи кори ҷаласа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аснои суханронии худ бо такя ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат муовинони Раиси вилоят ва масъулинро ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъмини нақшаҳои андоз, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи босамару сарфакоронаи обу замин, ҳифзи солимии ҷомеа ва ҳифзи сарҳади давлативу иҷрои нақшаи баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод. Бо дарназардошти вазъи ҷаҳони муосир ва босуръат паҳншавии бемории сироятии коронавирус дар аксарияти мамолики олам Раиси вилоят дастури қатъи дод то чораҳои пешгирикунанда ва захираи дорувориву моддаҳои безараркунандаро бештар намоянд. Бояд гуфт, ки хушбахтона то ба санаи 27-уми марти соли 2020 дар миқёси Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Дар ин самт бояд сокинон ба таҳлука наафтода, пеш аз ҳама ҳолатҳои санитариву гигиениро риоя намоянд ва сарфаю сариштакориро пеша намоянд.

Дар интиҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон ва сокинони вилояти Суғд бо тақвияти корҳо дар ҳамаи самтҳо 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.

Хадамоти матуботи
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

<