Хабарҳо
Дар вилояти Суғд беш аз 60 корхонаи истеҳсоли орд ва равған фаъолият дорад - 31.03.2020 11:19
Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 31.03.2020 09:16
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи даъват намудани ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум - 30.03.2020 13:32
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Мастчоҳ - 30.03.2020 14:22
Ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид - 27.03.2020 20:17
Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Атлас ва адраси тоҷик-2020» дар Қасри Арбоб - 26.03.2020 12:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди боғи суперинтенсивӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд - 26.03.2020 10:33
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гармхонаи замонавӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғози расмӣ бахшиданд - 26.03.2020 10:32
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фестивали «Сайри гули лола» дар шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд - 26.03.2020 10:30
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 26.03.2020 10:24

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитаменро ифтитоҳ намуданд

( 1 Овоз )

25 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими ба истифодадиҳии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 ба деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен ташриф оварданд.

Дар саҳни муассисаи навбунёди таълимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳи хоса ва ғамхориҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавони мамлакат, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.

Мактаб аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, барои 1280 ҷойи нишаст дар ду баст бунёд гардидааст.

Муассисаи навбунёди таълимӣ аз 16 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла, кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, табиатшиносӣ, биология, география, синфхонаи таълими меҳнат ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, синфхонаи компютерӣ, китобхона ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ дар муассисаи навбунёди замонавӣ баҳои баланд дода, аз фароҳам овардани шароити арзандаи таълим ба масъулон ва омӯзгорон ҷиҳати тарбияи дурусти насли ояндаи миллат ва дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ ба воя расидани онҳо дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ошёнаи якуми бинои муассиса ошхона мавҷуд аст, ки барои зиёда аз 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзишӣ сохта шудааст, ки 200 ҷойи нишаст барои тамошобинон дорад.

Толори варзишӣ асосан барои баргузор намудани бозиҳои футболи хурд, волейбол ва баскетбол пешбинӣ гардидааст.

Дар толори мазкур хонандагон имкон доранд дар рафти машғулияти варзишӣ ба обу тоби бадан шуғл варзанд.

Бо мақсади дар шароити зарурӣ баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ толори барҳавои маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст мавҷуд аст, ки он бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Пас аз ифтитоҳ ва шиносоӣ аз шароити Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони ноҳия мулоқоти судманду самимӣ анҷом дода ба истифода супоридани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои сокинони шарафманди ин гӯшаи диёри биҳиштосо арзёбӣ намуданд.

Пешвои муаззами миллат зимни суханронӣ аз шароити муҳайёгардида ба омӯзгорону хонандагон дар самти истифодаи босамари имконияти фароҳамшуда, аз худ кардани барномаҳои таълимӣ, кор бо техникаю технологияи муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040 ҳидоятҳои судманд доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитаменро ифтитоҳ намуданд