Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

( 0 Овоз )

28 январи соли 2020 дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

Дар маросими муаррифӣ таъкид карда шуд, ки бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 январи соли 2020 Муҳаммадҷобир Раҷабзода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ озод гардида, Бобозода Хайрулло Бобо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин карда шуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат дар ҳузури фаъолони ноҳия ва кормандони мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ ба Муҳаммадҷобир Раҷабзода барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос намуда, ба Бобозода Хайрулло Бобо дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно кард. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар назди роҳбарияти ноҳия барои тақвияти корҳои ободониву созандагӣ, таъмини рушди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, азхудкунии заминҳо ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли наврас вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ёдовар бояд шуд, ки Бобозода Хайрулло Бобо 28 июли соли 1988 дар деҳаи Оббурдони ҷамоати деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон буда, аз рӯи ихтиос иқтисодчӣ мебошад.

Мавсуф Фаъолияти кориашро дар Донишкадаи кӯҳӣ-металургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд оғоз кардааст. Солҳои 2014-2015 дар Раёсати молияи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҳайси мутахассиси пешбари буҷет дар соҳаҳои иқтисодиёт ва баъдан дар вазифаи сардори бахши буҷети раёсати молияи ноҳия фаъолият бурдааст. Аз моҳи июни соли 2016 то январи 2020 сардори Раёсати молияи ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ буд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

 


Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ