Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ

( 0 Овоз )

Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ шинос гардид.

Тавре аён гардид, дар ҳудуди боғи фарҳангӣ сохтмончиён машғули кор буда, то имрӯз пояҳои панҷараҳои атрофи боғ, хатти обрасонӣ, фаввораҳои боғро бунёд намудаанд. Барои ҳамворкунӣ ва ба тартибдарории майдон низ коргарон ҷалб гардида, корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар авҷ аст.

Бояд зикр кард, ки боғи мазкур дар масоҳати умумии 6 гектар азнавсозӣ гардида, ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Иншооти мазкур дар давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд гардида истода, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳр расадхонаи Абӯмаҳмудӣ Хуҷандӣ ва муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ гузошта мешавад.

Бо дастури Раиси вилоят дар иншооти бунёдшаванда инчунин ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона бунёди Амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, шаршара, 5 адад фаввора, мавзеъи бозии кӯдакони “Олами афсона”, гӯшаи ҳайвоноти зинда ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Дар дохил ва гирду атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ иловатан шинонидани ниҳолҳои ороишиву сояафкан ва насби 100 таҷҳизоти равшандиҳанда, 80 нишастгоҳ ва 20 суҳбаткада ба нақша гирифта шудааст.

Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳр буда, паймонкорон ширкатҳои ватании “Тавфиқ”, “Манзили Ориён” ва “Хушофар” маҳсуб меёбанд.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ якчанд ниҳолҳои ҳамешасабз шинонид ва ба масъулин барои вусъатбахшии корҳои ободонӣ супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят ҷараёни бунёди маркази хизматрасонии тиббии «Дармони ҷон»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Сохтмони маркази хизматрасонии тиббӣ дар маҳаллаи «Навбаҳор»-и шаҳри Хуҷанд бо саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ идома дорад. Раҷаббой Аҳмадзода ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати ба ободонӣ фаро гирифтани атрофи иншоот ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Боғи ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ