Хабарҳо
Пешвои миллат дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 24.01.2020 16:03
Хуҷанд. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба футбол 30 даста миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд - 24.01.2020 15:58
Имсол тантанаҳои наврӯзӣ дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад - 24.01.2020 16:01
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ Спартакидаи варзишӣ оғоз гардид - 24.01.2020 15:56
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 16:35
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд - 23.01.2020 15:54
Нишасти 179-уми маҳфили “Ганҷи сухан” ба 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700 - солагии Камоли Хуҷандӣ бахшида шуд - 22.01.2020 10:33
Мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба волейбол ҷамъбаст гардид - 22.01.2020 08:40
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 21.01.2020 16:00
Зиндагии шоиста - ҳадафи асосӣ - 21.01.2020 11:00

Баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2019

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

10 январи соли 2020 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2019 баргузор гардид.

Ҷаласаи фаъолони вилоят бо ҳузури муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, масъулони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру навоҳӣ, раисони ҷамъатҳои шаҳраку деҳот ва дигар фаъолон сурат гирифт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки сокинони вилояти Суғд соли 2019-ро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу кӯшиш менамоянд.

Сипас, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2019 муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ гузориш дод. Қайд карда шуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар соли 2019 ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуд.  Бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар давраи ҳисоботӣ таъсиси корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, дастгирии воқеии соҳибкорӣ,  баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва боғу токзор, афзоиши саршумори чорво, ривоҷи соҳаи тухмипарварӣ ва зотпарварӣ, рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, беҳтар намудани обрасонӣ, барқарор намудани пойгоҳҳои обкашӣ, азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани боздеҳи замин, рушди ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф ва илм, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати хуқуқии шаҳрвандонро самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор дод.

Дар натиҷа рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ ба 20,5 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 107,3 фоиз расонида шуд.

Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,6 фоизро ташкил намуд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2019 ба 12 млрд. 888,3 млн. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти индекси нархҳо дар сатҳи 112,9 фоизи ҳамин давраи соли сипарӣ таъмин гардид.

Дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ба истиснои шаҳри Исфара суръати афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот нисбати соли гузашта таъмин гардид.

Агар 3 сол пеш дар рўйхати молҳои саноатии дар вилоят истеҳсолшаванда 123 адад номгўйи маҳсулоти саноатӣ мавҷуд бошад, он гоҳ соли ҷорӣ ин рақам ба 182 номгўй расонида шуд.

Соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли ангиштсанг 46,9 ҳазор тонна ва семент 181,8 ҳазор тонна афзуда, мутаносибан ба 1,8 млн. тонна ва 1,3 млн. тонна расонида шуд.

Дар соли сипаришуда дар миқёси вилоят 102 корхонаву коргоҳи нав бо 1455 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурўъ намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ кишоварзони вилоят дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 8 млрд. 91,7 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.

Дар ин давра дар вилоят истеҳсоли пахта 130 ҳазор тонна, сабзавот 494,9 ҳазор тонна, картошка 450,3 ҳазор тонна, полезӣ 127,5 ҳазор тонна, мевагиҳо 150,9 ҳазор тонна, ангур  61,7 ҳазор тонна, гўшт 58,6 ҳазор тонна, шир 269,2 ҳазор тонна, тухм 429,9 млн. дона, пашм 1516,3  тонна ва асал 1416,5 тоннаро ташкил намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ барои ба мавсими киштукор омода намудани пойгоҳҳои обкашӣ 5,4 млн. сомонӣ, аз ҷумла ба шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров 400,0 ҳазор сомонӣ, Ҷаббор Расулов 400,0 ҳазор сомонӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ 700,0 ҳазор сомонӣ,  Панҷакент 700,0 ҳазор сомонӣ, Ашт 900,0 ҳазор сомонӣ, Зафаробод 1,3 млн. сомонӣ ва Мастчоҳ 1,0 млн. сомонӣ маблағ равона карда шуд.

Дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ тадбирҳо андешида шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 733,3 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода дода шуданд.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар ин давра дар ҳаҷми 1 млрд 707,7 млн. сомонӣ иҷро гардид.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар соли 2019 ба 2042,7 млн. доллари амрикоӣ баробар шуда, ба маблағи 471,1 млн. доллари амрикоӣ маҳсулот содирот гардид.

Дар вилоят 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гашта истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда дар доираи ин лоиҳаҳо 215 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 нақшаи даромади буҷети давлатӣ ба андозаи 100,7 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 2420,2 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи тасдиқгардида (2404,3 млн. сомонӣ) 15,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра ба буҷети маҳаллии вилоят ба ҷойи 1887,4 млн. сомонии дар нақша пешбинигардида 1924,6 млн. сомонӣ ворид гардид, ки аз нақша 2,0 фоиз ё ин ки 37,26 млн. сомонӣ зиёд аст.

Муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид зимни баромади худ вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ҷараёни омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, барои дар соли 2020 беҳтар намудани нишондиҳандаҳо, дар сатҳи баланд бунёд намудани иншооти ҷашнӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъсиси корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунандаву рақобатпазир дастуру супоришҳо дод.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни ҷаласа изҳори боварӣ намуд, ки сокинони вилояти Суғд соли 2020 низ барои таъмини рушди соҳаҳо аҳлона меҳнат намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳо истифода менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар соли 2019