Хабарҳо
СОЯРУШАН - 27.02.2020 11:38
«Хуҷанд» ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 роҳ ёфт - 27.02.2020 09:31
Таҷлили 20 – солагии Созмони хонандагон - 27.02.2020 09:19
Мулоқоти номазадҳо бо интихобкунандагон дар Хуҷанд - 25.02.2020 16:25
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони маҷмааи нави истироҳатию сайёҳӣ - 24.02.2020 17:00
Конибодом. Баргузории мизи муддавар дар мавзӯи “Занон ва интихобот” - 24.02.2020 15:51
Форуми вилоятӣ-вохӯрии наслҳо таҳти унвони «Симои зани тоҷик» баргузор мегардад - 24.02.2020 15:51
Дар Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дарахтони калонҳаҷми каталпа ва магнолия шинонида шуд - 23.02.2020 15:45
Мулоқоти ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон - 24.02.2020 10:58
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.02.2020 08:35

Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​

( 0 Овоз )

5 декабр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд бо рафти бунёди корхонаи нави саноатӣ, ки дар он истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад, шинос гардид.

Корхонаи нав​ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кооперативи тиҷоратии «Имран Суғд» бо маблағҳои сармояи мустақим бунёд гардида, дар он кондитсионер, телевизор ва дигар таҷҳизоти маишӣ истеҳсол карда мешаванд. Ба иттилои масъулин маҳсулот пурра дар корхона истеҳсол шуда, бо тамғаи ватанӣ ба фурӯш бароварда хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми шиносоӣ бо ҷараёни корҳо ба роҳбарияти кооператив ҷиҳати бо сифати баланд ба итмом расонидани сохтмон супоришҳои мушаххас дод. Таъкид карда шуд, ки корхонаи нав аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст барои истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда бунёд шуда, қадами устувор дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мебошад.

Алҳол дар ба корҳои сохтмонӣ​ беш аз 60 нафар сохтмончиён ҷалб гардидаанд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар минтақаи шимолу шарқии шаҳр минтақаи нави саноатӣ дар майдони 49,2 га таъсис гардида, то санаи 1 декабри соли 2019 ба 21 нафар соҳибкорони ватанӣ қитъаҳои замин барои сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ҷудо карда шудааст.​ Тибқи нақша дар ин минтақа ҷойгирсозии 49 субъекти соҳибкории истеҳсолӣ дар назар дошта шудааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Дар Суғд истеҳсоли телевизор ва яхдон ба роҳ монда мешавад ​