Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45
Мулоқоти Раиси вилоят бо Хуан Сзян Чун - 09.12.2019 15:29
Паёми шодбодии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи геологҳо - 09.12.2019 10:28
Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ифтихори Рӯзи кормандони мақомоти молия - 07.12.2019 10:25
информацию о командующем спецслужбой Ирана - 06.12.2019 20:53
Амрико мегӯяд, дар эътирозҳои Эрон шояд то 1000 тан ҷон бохтанд - 06.12.2019 20:00
Ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият вазифаи ҳар шахси ватандӯст аст ​ - 06.12.2019 13:23

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд

( 0 Овоз )

28 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори иҷлос Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин иштирок карданд.

Дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ масъалаҳои вобаста ба вазъи минтақа ва ҷаҳон, самтҳои асосии фаъолияти Созмон оид ба таъмини амният ва иқтидори мудофиавии кишварҳои аъзо, муҳокимаи самтҳои калидии рушди вазъи сиёсӣ дар ҷаҳон, таҳкими иқтидори СААД, афзоиш ёфтани таҳдиду хатарҳои глобалию минтақавии амниятӣ ва андешидани тадбирҳои муборизаи дастаҷамъӣ бо онҳо, дарёфти роҳҳои амиқи мубориза ба муқобили терроризму экстремизми байналхалқӣ, идеологияи сиёсию динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва яроқ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар шаклҳои ҷиноятҳои фаромиллӣ ва вазъи нигаронкунандаи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид намуданд, ки дар ҷаҳони имрӯза хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ афзун гардидааст.

Сарвари давлат изҳор доштанд, ки бо дарназардошти вазъи ба амаломада аз давлатҳои аъзои созмон тақвияти бештари ҳамгироӣ дар мубориза ба ин зуҳуроти номатлуби аср тақозо мегардад.

«Соли оянда 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги ҷаҳонӣ ҷашн гирифта мешавад ва мо барои таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ дар чаҳорчӯби СААД тамоми тадбирҳоро меандешем», — таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Изҳороти Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба такмили ҳамгироӣ ва ҳамкорӣ барои таҳкими амнияти минтақавӣ ва байналхалқӣ, Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонии солҳои 1941-1945, Қарори номгӯи тадбирҳои иловагӣ барои коҳиш додани шиддати вазъ дар назди сарҳади Тоҷикистону Афғонистон ва дигар санадҳои таҳкими ҳамкории сиёсӣ, ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодии давлатҳои аъзои СААД, такмили заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодии фаъолияти Созмон қабул гардид.

Инчунин аз ҷониби сарони давлатҳо беш аз 15 қарори дахлдори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ доир ба ҳамгироии минбаъда дар самтҳои гуногун ба имзо расид.

Иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма натиҷагирӣ карда шуд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлоси навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иштирок намуданд