Хабарҳо
Дар ноҳияи Спитамен ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт - 29.05.2020 20:56
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53
Боздиди Раиси вилоят аз рафти корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Спитамен - 29.05.2020 16:36
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар бозори Каёнуши ноҳияи Данғара - 29.05.2020 13:46
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Суди ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 29.05.2020 13:44
ҲИСОБОТ оид ба иҷрои буҷети вилояти Суғд дар семоҳаи якуми соли 2020 - 28.05.2020 18:48
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Боздиди Раиси вилоят аз корхонаи «Сано» - 28.05.2020 20:40

Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла

( 0 Овоз )

15 ноябри соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилларо ба ҳузур пазируфт.

Раиси вилоят дар оғози мулоқот оид ба вазъи соҳаи саноату кишоварзии вилоят маълумот дода, қайд кард, ки дар Тоҷикистон саноатикунонии мамлакат ҳадафи стратегӣ эълон гардида, дар ин радиф то соли 2021 дар вилоят 300 корхонаи саноатӣ бунёд хоҳад шуд. Аз оғози соли 2018 то имрӯз бошад 179 корхонаи нави саноатӣ таъсис дода шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон дар бораи имтиёзҳои барои соҳибкорону сармоягузорон пешбинишуда иттилоъ дода, омодагии ҷониби вилоятро барои тақвияти ҳамкориҳо баён кард.

Зимни суҳбат қайд карда шуд, ки ширкати истеҳсолии “Carrera” солиёни зиёд аст, ки ба истеҳсоли либосҳои пахтагин машғул буда, маҳсулоти ширкат харидорони худро дорад. Бо назардошти ин омил таъкид шуд, ки воридсозии хатҳои нави технологӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли шиму костюм ва либосҳои бачагона ба манфиати кор мебошад. Зеро дар вилоят пахта фаровон буда, захираву имкониятҳо барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсол басанда аст.

Президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла дар навбати худ иброз дошт, ки истеҳсоли фаровони пахта дар Тоҷикистон имконият медиҳад, ки фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият бахшида шавад.

Мавсуф инчунин таъкид кард, ки барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи муштараки  “Carrera” ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар якҷоягӣ бо шарикони тоҷикистонии худ аз имкониятҳо истифода хоҳанд кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла