Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар шаҳри Панҷакент - 19.11.2019 13:12
Ба истиқболи 5500-солагии шаҳраки Саразми бостонӣ дар Панҷакент наздик 30 иншоот бунёд мегардад - 19.11.2019 11:57
Дар шаҳрҳои саноатии Хуҷанд, Истиқлол, Бӯстон ва Гулистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд - 16.11.2019 15:59
Ғолибони мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ муайян гардиданд - 16.11.2019 15:55
Дар Қасри таърихии Арбоб бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир шуд - 16.11.2019 13:46
Муроҷиатномаи Шӯрои занони вилояти Суғд ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол - 15.11.2019 17:11
Мулоқоти Раиси вилоят бо президенти ширкати итолиёвии “Carrera” Эмелео Такилла - 15.11.2019 17:06
Иштироки Раиси вилоят дар маросими кушодашавии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ​ - 15.11.2019 15:48
Истаравшан. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 15.11.2019 15:41
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶСП «Оби зулол» - 15.11.2019 15:39

Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рўзи кормандони милитсия

( 0 Овоз )

8 ноябри соли 2019 дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят бахшида ба Рўзи кормандони милитсия бо иштироки муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва кормандони мақомоти милитсияи вилоят ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Абдулло Навҷувонов номаи табрикотии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамроро ба самъи иштирокдорони ҷамъомад расонида, кулли кормандони милитсияро бо иди касбӣ табрик намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода низ ҳозирин ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии вилоятро ба ифтихори иди касбӣ - Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик гуфта, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихор барору комёбиҳо орзу намуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Таъкид карда шуд, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хусусан тайи солҳои охир ҷиҳати таъмини фаъолияти босуботи кормандон, шаффофияти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, муосиргардонии назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба тарбияву такмили фарҳанги риояи қонуният диққати махсус медиҳад.

Таърихи ташаккул ва рушди мақомоти корҳои дохилӣ аз саҳифаҳои бисёр ибратбахш ва намунаҳои заҳмати фидокоронаи ҳайати шахсӣ иборат мебошад.

Мақомоти милитсия, бахусус дар ибтидои  соҳибистиқлолии кишвар, бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои зиёди он рўзҳо, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз уҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳимму душвор – барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромада тавонистанд.

Кормандони далеру шуҷои милитсия дар шароити тезу тунд гардидани вазъияти сиёсиву ҷиноӣ дар кишвар ҳимояи Ватан ва халқу миллатро арзиши комилтарин дониста, барои таъмини ояндаи дурахшони кишвар ва зиндагии орому осудаи мардуми он талошҳои зиёд намуданд.

Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан дар муддати кўтоҳтарин даҳҳо гурўҳҳои муташаккили ҷинояткор ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.

Метавон имрўз бо камоли ифтихор садҳо нафар кормандони ба касби хеш содиқро ёдовар шуд, ки ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи мардуми кишвар дар мубориза бо ашхоси ҷиноятпеша ҷони худро нисор карданд.

-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими иқтидори кадрӣ аз ҳисоби кормандони ҷавону кордон, таъминоти моддиву техникии мақомот, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари кормандон ва беҳбудии ҳифзи иҷтимоиву ҳуқуқии онҳо пайваста кўшишу ғамхорӣ менамоянд.

Дар арафаи омодагӣ ба таҷлили 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳра-бардорӣ қарор додани биноҳои нави замонавии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти давлатии оташнишонӣ дар ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ, Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ва бозрасии давлатии автомобилии Шўъбаи Вазорат дар шаҳри Хуҷанд, инчунин дар ин давра ба истифода додани толори нави конфронсии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир барои 65 нафар дар дастгоҳи Раёсати вилоятӣ ва бинои нави иловагии сеошёна дар Шўъбаи Вазорат дар шаҳри Хуҷанд, 4 гармхонаи замонавӣ барои парвариши маҳсулоти полезиву обчакорӣ ва лимў дар ҳудуди минтақаи истироҳатии «Сипар» дар шаҳри Гулистон, бунёди бинои нави меҳмонхонаи чорошёна барои ҳайати шахсӣ, собиқадорон ва меҳмонони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин минтақа, бунёду таъмири куллии толорҳои маҷлисӣ, долонҳо, бинову иншоотҳои Шуъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳо ва пайвастани онҳо ба шабакаи ягонаи гармидиҳӣ, таъмин гардидани Шуъбаву хадамоти дастгоҳи Раёсати вилоятӣ ва Шуъбаҳои Вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 19 воситаи нақлиётии сабукрави гуногунтамға ва таҷҳизоту техникаи муосири хизматӣ мисоли равшани ғамхориҳои ҳамарўзаи Пешвои муаззами миллат нисбати кормандону хизматчиёни милитсия мебошад, - иброз дошт Раиси вилоят.

Сипас, дар вазъияти тантанавӣ ба як гуруҳ кормандони мақомоти милитсияи вилоят медалҳои ҷашнӣ, Сипосномаву туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рўзи кормандони милитсия