Хабарҳо
Дар Панҷакент бинои нави Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ ба истифода дода шуд - 21.02.2020 13:19
11 март Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта мешавад - 21.02.2020 13:18
Дар деҳоти Исфара ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад - 21.02.2020 11:28
Ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ дар ДДҲБСТ ҷамъомади идона баргузор гардид - 21.02.2020 11:19
Ғолибони даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - варзишии «Ватанпарвар» муайян гардиданд - 21.02.2020 10:48
Бо мақсади дарёфти истеъдодҳо озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд гузаронида мешавад - 20.02.2020 13:26
Ба барандаи Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” 5 000 сомонӣ мукофотпулӣ дода хоҳад шуд - 20.02.2020 13:25
24 апрел - Рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил - 20.02.2020 13:23
8 март дар вилояти Суғд Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад - 20.02.2020 13:19
Соли равон озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол - 2020” доир мегардад - 19.02.2020 14:01

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд

( 0 Овоз )

7 ноябр дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Франсия Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Париж бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Франсия мулоқот карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот бо ҳамватанон изҳори хушнудӣ карда, бо онҳо дар бораи пешравиҳои Ватан ва оид ба рӯйдодҳои муҳим дар кишвари маҳбубамон суҳбат карданд.

Таъкид гардид, ки имсол мардуми кишвар 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҷашн гирифта, барои истиқболи сазовори 30-солагии ин санаи муҳим талош меварзанд.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатӣ мардуми шарафманди ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ ба дастовардҳои арзанда ноил гардиданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ, ҳамкории зичу пурсамари Ҳукумати мамлакат бо аксари кулли кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, андешаронӣ карданд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни Пешвои миллат ва намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия суҳбати самимӣ доир шуд.

Иштирокчиёни мулоқот ба Сарвари давлат барои таваҷҷуҳи беандозаашон нисбат ба ҳамватанон изҳори сипос карданд.

 

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони доираҳои илму фарҳанг ва санъати тоҷик дар Ҷумҳурии Франсия мулоқот карданд