Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти радиои «Аврупои озод, Радиои озодӣ» Ҷеймӣ Флай мулоқот намуданд

( 0 Овоз )

7 ноябри соли 2019 дар шаҳри Сюрихи Конфедератсияи Швейтсария Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” Ҷеймӣ Флайро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар оғози мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили озодии матбуот ва таъмини озодии сухан дар мамлакат аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва барои фароҳам овардани фазои озод ва муътадил ҷиҳати фаъолияти расонаҳои хабарии маҳаллӣ ва берунӣ кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот таъкид гардид, ки хабарҳо доир ба қатъи фаъолияти Радиои Озодӣ дурӯғи маҳз аст ва имрӯз дар Тоҷикистон 18 нафар кормандони он ба қайд гирифта шуда, озодона фаъолият мекунанд, ҳол он ки дар баъзе аз кишварҳои собиқ шӯравӣ фаъолияти Радиои Озодӣ тамоман манъ шудааст.

Дар мамлакат беш аз 250 расонаи мустақили хабарии маҳаллӣ ва берунӣ, аз ҷумла рӯзномаю маҷаллаҳо, радио, телевизионҳо ва агентиҳои иттилоотӣ фаъолият доранд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки солҳои охир Радиои Озодӣ бештар ба ташвиқу тарғиби хабарҳои вобаста ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, ки бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташон манъ шудааст, машғул аст.

Дар мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ба ин гуна қонуншиканиҳо аз ҷониби кадом расонаҳои хабарие, ки набошад, новобаста аз шакли тобеияташон роҳ дода намешавад. Фаъолияти ҳама гуна ВАО бояд қатъиян дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ба роҳ монда шавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарияти радиои “Аврупои озод, Радиои озодӣ” талаб карданд, ки дар доираи фаъолият дар қаламрави Тоҷикистон ҳангоми инъикоси ҳаёти сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии давлати мо ба таври воқеъбинона ва бо истифода аз афкори ҷомеаи шаҳрвандӣ мавод омода намоянд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти радиои «Аврупои озод, Радиои озодӣ» Ҷеймӣ Флай мулоқот намуданд