Хабарҳо
Муроҷиатнома ба Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол- Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”) - 10.07.2020 17:40
Нақшаи нишастҳои матбуотӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма - 10.07.2020 16:36
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 - 10.07.2020 16:23
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд - 10.07.2020 13:43
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд - 10.07.2020 13:42
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд - 10.07.2020 13:39

Кишоварзони ноҳияи Ашт бо ҷамъоварии 14 ҳазору 450 тонна пахта нақшаи истеҳсолро 100%​ иҷро намуданд

( 0 Овоз )

6 ноябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дод ва зимни сафар бо фаъолияти корхонаҳои коркарди пахта шинос гардид.

Раиси вилоят сараввал аз ҶСП “Марҳамат” боздид намуда, рафти коркарди пахта ва истеҳсоли чигиту равғанро мушоҳида намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, дар мавсими имсола аз тарафи корхона 1650 тонна пахта қабул гардида, коркарди маҳсулоти хом идома дорад. Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шиносоӣ аз фаъолияти корхона изҳори қаноатмандӣ намуда, ба як қатор кормандони пешқадам туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

Сипас, Раиси вилоят ҷараёни коркарди пахта дар ҶДММ “Рахшона”-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Ҳини шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхонаи коркарди пахта даҳҳо нафар бо ҷои корӣ таъмин буда, то ин дам зиёда аз 6 ҳазор тонна пахта барои коркард захира карда шудааст.

Бояд таъкид кард, ки заркорони ноҳияи Ашти вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахта дар соли ҷориро пурра иҷро намуда, ба хирман 14450 тонна пахта супориданд.​

Раиси вилоят ҳангоми боздид аз ҶДММ “Рахшона” ва суҳбат бо кишоварзони ноҳия онҳоро бо ғалабаи меҳнатӣ табрик кард. Гуфта шуд, ки кишоварзони ноҳияи Ашт соли равон дар 6231 гектар пахта кишт карда, бо истеҳсоли 14450 тонна “тиллои сафед” нақшаи пешбинишударо 100,1 дарсад иҷро карданд.

Дар ҳамин ҷо Раиси вилоят ба як қатор кормандони пешқадам ва чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда, кишоварзони ноҳияро ба муносибати 25-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар поёни сафари корӣ Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Судҷа” низ шинос шуда, собиқадори меҳнат Эсанбой Ҳайдаровро аёдат кард.

Ҳамчунин шумо метавонед, навори ин мақоларо аз сомонаи www.youtube.com тамошо кунед.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Кишоварзони ноҳияи Ашт бо ҷамъоварии 14 ҳазору 450 тонна пахта нақшаи истеҳсолро 100%​ иҷро намуданд