Хабарҳо
Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:18
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Ҷайҳун дидан намуданд - 28.05.2020 19:10
Боздиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҶДММ Иттиҳоди аграрии «Водии зарин» дар ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:06
Боздиди Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз ҳолати истифодабарии замин дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ҷайҳун - 28.05.2020 19:03
Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон - 28.05.2020 11:00
Боздиди Раҷаббой Аҳмадзода аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Зафаробод - 28.05.2020 16:28
Шиносои аз фаъолияти маркази саломатии ҷамоати деҳоти Равшан - 28.05.2020 16:09
Боздиди Раиси вилоят аз ғаллазори хоҷагии “Хоҷимурод-2018” дар Ҷамоати шаҳраки ба номи Ҳамид Алиев - 28.05.2020 15:50
Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳавлии Рустам Қӯзибоев дар ноҳияи Зафаробод дидан намуд - 28.05.2020 15:21
Зафаробод. Аёдати ҷавонони маюб аз ҷониби Раиси вилоят - 28.05.2020 15:15

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд

( 0 Овоз )

11 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ашхободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада ва дигар мавзуъҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ гардид.

Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва  ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад”.

Изҳори итминон карда шуд, ки мулоқоти имрӯза барои ҳалли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ҷиҳати пешбурди музокирот дар мавриди муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мусоидати амиқ хоҳад кард. Дар ин замина пешниҳод гардид, ки лоиҳаи мувофиқашудаи байнидавлатии “Созишномаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” ба имзо расонда шавад ва бо ин роҳ имкон аст заминаҳои ҳуқуқии натиҷаи фаъолияти чандинсолаи комиссияи муштарак мустаҳкам гардад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот намуданд