Хабарҳо
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 13234 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст - 27.10.2020 15:35
Маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» 25 сола шуд - 26.10.2020 14:01
Боздиди Раиси вилоят аз сардхонаи Кооперативи тиҷоратии “Шаҳристон” - 26.10.2020 11:11
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад - 26.10.2020 10:27
Дар ноҳияи Шаҳристон қутоспарварӣ ба роҳ монда шуд - 26.10.2020 10:06
Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор - 24.10.2020 10:11
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор” - 23.10.2020 16:15
Беҳтарин навоварони олами коинот муайян шуданд - 23.10.2020 13:58
Боздиди​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" - 23.10.2020 12:06
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод - 23.10.2020 10:12

Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019

( 0 Овоз )

11 октябр дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли равон баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят,   роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони шаҳру навоҳӣ, намояндагони ташкилоту идораҳои вилоятӣ ва дигар шахсони дахлдор иштирок намуданд.

Ҷаласаро Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ҷараёни иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят ва бобати истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  таҷлили ҷашни умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ ва 5500 – солагии Саразми бостонӣ ҳарф зад.

Муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар роҷеъ ба натиҷаҳои   фаъолият дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2019 маърӯза намуд.

Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки дар ин давра аксарияти нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мусбат арзёбӣ гардида, рушди устувори иқтисодию иҷтимоии вилоят таъмин шудааст.

Таъкид карда шуд, ки баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар оид ба таҳкими нуфузи вилоят ҳамчун минтақаи саноатии мамлакат, ба кор андохтани иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти нави рақобатноку ивазкунандаи воридот, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, густариши  иқтидори  содиротии вилоят ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодааст.

Давоми 9 моҳи соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 8,9 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 1,1 млрд. сомонӣ ё 113,8 фоиз ва бо назардошти индекси нархҳо бошад, 107,7 фоизро ташкил медиҳад.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёди 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ бо 9000 ҷойи нави корӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар соли 2019 ба истифода додани 100 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ бо 1730 ҷойи нави корӣ дар назар дошта, давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар миқёси вилоят 82 корхонаву коргоҳи нав бо 1239 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.

Кишоварзони вилоят ҷиҳати таъмини рушди соҳа  тадбирҳои судманд  андешида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро дар 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба 5 миллиарду 456,9  млн. сомонӣ расониданд, ки баробари 108,1 фоизи ҳамин  давраи соли гузашта мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар ин давра дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ истеҳсоли ғалладонагиҳо ҳамагӣ 271774,5 тонна, аз ҷумла гандум 122926,7 тоннаро ташкил додааст, ки нисбати нишондиҳандаи соли 2018 мутаносибан 22,9 ва 15,4  фоиз зиёд мебошад.

Дар соҳаи растанипарварӣ дар 9 моҳи соли 2019 ҳамагӣ 379069,6 тонна сабзавот, аз ҷумла 128465 тонна пиёз, 314807 тонна картошка, 105059,6 тонна полезӣ, 128346,7 тонна мевагӣ ва 51046,5 тонна ангур истеҳсолкардашуда, суръати афзоиш мутаносибан 95,4 фоиз, 80,2, 105,9, 113,2, 110,5 ва 101,5 фоизро ташкил додааст.

Дар ҷаласа инчунин таъкид гашт, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои вилоятӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва таҷдиди 6969 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷумла, бунёд ва азнавбарқароркунии қасрҳои фарҳанг ва боғҳои фарҳангӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ ва коркарди шир, толору майдончаҳои варзишӣ дар ҳар як деҳа, маҳалла ва биноҳои баландошёна ба нақша гирифта, аз рӯи нақшаҳои алоҳида фаъолият дар ин самт оғоз гардидааст.

Дар соли 2019 бунёди 2471 иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 1872 иншоот ба истифода дода шуд, ки 75,7 фоизи нақшаи солонаро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, то ин давра наздик 3224 иншооти гуногун ба истифода дода, нақшаи умумӣ 46,2 фоиз иҷрошудааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо 108,1 фоиз иҷро гардида, 2342,55 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 165,65 км таъмири асосӣ, 923,4 км таъмири ҷорӣ ва 1253,5 км шағалпӯш мебошад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоятро дар ин давра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, бобати вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Аз ҷумла, Раиси вилоят вазъи соҳаи саноати вилоятро мавриди таҳлил қарор дода, фаъолияти масъулини соҳаро нокифоя арзёбӣ кард.

Раиси вилоят сабабҳои барҳамхӯрии якчанд корхонаҳои соҳаро аз масъулин пурсон шуда, дастур дод, ки баҳри беҳтар намудани вазъи соҳа ситоди махсус ташкил ва камбудиҳо бартараф карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода аз раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Гулистон, Айнӣ, Мастчоҳ, роҳбарони як қатор сохторҳои вилоятӣ пурсиш ба амал оварда, роҳбарону масъулинро вазифадор намуд, ки бобати вусъати корҳои созандагию ободонӣ, бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, бахусус коргоҳҳои саноатӣ, иҷрои нақшаи андоз, коркард ва содироти бештари маҳсулот, ҷамъоварии саривақтии ҳосили пахта, захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо, ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши гармхонаҳо, танзими нархи маҳсулот дар бозорҳо, таъмини нақшаи даъвати ҳарбӣ, солимии ҷомеа, пешгирии ҳар гуна ҳодисаҳо ва амалҳои номатлуб, муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон, пардохти саривақтии музди меҳнат, пардохти маблағи нерӯи барқ, бунёди майдончаҳои варзишӣ, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва дигар масъалаҳои муҳим корбарӣ намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нуҳ моҳи соли 2019