Хабарҳо
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» - 23.09.2020 17:55
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Сайҳун” - 23.09.2020 17:04
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.09.2020 16:26
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфт - 23.09.2020 16:07
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - 23.09.2020 16:05
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи “Файзи Расул” - 22.09.2020 16:57
Ба озмун: Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Қадами сиву як бар чӣ самт аст? Сулаймонбеков Аноятбек генерал-майори амният Абдураззоқ Саид журналист, фаъоли ҲХДТ - 22.09.2020 16:45
Баргузории чорабинӣ ба муносибати Рӯзи кормандони ҷангал - 22.09.2020 16:34
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Левакант Парчами давлатиро барафрохтанд - 22.09.2020 16:30
Ба истифодадиҳии агрегатҳои Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» дар шаҳри Левакант бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 22.09.2020 16:28

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

( 0 Овоз )

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба сохтмони бинои меҳмонхонаи баландошёна оғоз бахшиданд.

Бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии меҳмонхонаи 4-ситорадор аз 22 ошёна иборат буда, аз тарафи соҳибкори ватандӯст Бахтиёр Саидов бунёд мегардад.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 150 нафар мутахассисони маҳаллӣ бо ҷойи кори муваққатӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт. Бо бунёд шудани бинои меҳмонхонаи замонавӣ дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ беш аз 250 ҷойи корӣ таъсис меёбад.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи бинои баландошёнаи бисёрфунксионалӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки шумораи ҳуҷраҳои меҳмонхона 70 ададро дар бар мегирад. Дар як вақт имкон аст, ки ба 200 нафар хизмат расонида шавад.

Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои савдою хизматрасонӣ, фароғатӣ, 234 ҳуҷраи корӣ, ду маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ ва қаҳвахона сохта шуда, бунёди таваққуфгоҳи зеризаминӣ низ пешбинӣ гардидааст.

Иншооти мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе ба истиқболи сазовори ҷашни муқаддаси миллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардида, зимни корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба назар гирифта шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон барои бунёди бинои муосир дар пойтахти мамлакат изҳори сипос намуда, иқдоми мазкурро дар раванди созандагию бунёдкорӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ барои сокинон муҳим арзёбӣ карданд.

Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои муҳташам, ки дар он марказҳои тиҷоратӣ, фарҳангию истироҳатӣ ва меҳмонхонаи замонавӣ ҷойгир мешавад, инфрасохтори сайёҳӣ дар пойтахт боз ҳам мукаммал шуда, дар самти хизматрасонии баланд ба меҳмонону сайёҳони хориҷӣ шароити арзанда фароҳам мегардад.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди меҳмонхона дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд