Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд

( 0 Овоз )

10 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бо гузоштани санги асос ба бунёди меҳмонхонаи бисёрошёна, оғоз бахшиданд.

Меҳмонхонаи «Сафо плаза» бо тарҳу усули муосир ва бо дарназардошти санъати меъмории миллӣ аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷунайдулло Азизов бунёд мегардад. Ин тадбир дар рушду пешрафти бештари соҳаи сайёҳии мамлакат ва таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ мусоидат хоҳад намуд.

Иншоот дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад ва дар он қариб 60 нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки меҳмонхонаи замонавӣ аз 12 ошёна ва 97 ҳуҷра иборат мебошад. Дар меҳмонхонаи сеситорадор дар як вақт ба 135 нафар хизмат расонида мешавад.

Дар бинои муосир ҳамчунин маҷлисгоҳ бо 85 ҷойи нишаст, толори машваратӣ, толори варзиш, кинотеатр, тарабхона барои қабули 80 нафар, қаҳвахона ва ғайра ба инобат гирифта шудааст.

Дар ороиши намои берунаи бино нақшу нигори миллӣ истифода бурда мешавад.

Дар ин мавзеъ ҳамчунин аз тарафи коргарони ширкати «Декор Инвест» дар масоҳати 5 гектар шаҳраки замонавӣ бо биноҳои истиқоматию хизматрасонӣ, кӯдакистон, майдончаҳои варзиш, майдонча барои бозии кӯдакон, айвону гулгаштҳои истироҳатӣ ва таваққуфгоҳ бо фароҳам овардани шароити хуб барои зиндагии сокинон бунёд карда мешавад.

Тибқи нақша, 22 бинои истиқоматии дар ин ҷо бунёдшаванда аз 6, 7 ва 8 ошёна иборат мебошанд. Кӯдакистон барои дар як вақт ба тарбия фаро гирифтани 250 кӯдак ва мактаб барои 640 нафар пешбинӣ гардидааст.

Дар шаҳраки нав маркази хизматрасониҳои коммуналӣ ва нуқтаи хизматрасонии тиббӣ низ ташкил карда мешавад.

Шаҳраки мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд шуда, муҳлати сохтмони он дар се марҳила 5 сол муқаррар гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ баҳои арзанда дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят карданд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии меҳмонхонаи замонавӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оғоз бахшиданд