Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

СУҒД: 1500 нафар ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 7
  • Минбаъда

6 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб ба муносибати гусели аввалин гуруҳи даъватшавандагон чорабинии тантанавӣ доир шуд ва 1500 нафар ҷавонони шуҷоъ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок ва суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ таъкид кард, ки ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагӣ мебошад. Насли ҷавон дар баробари хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, муҳимтарин мактаби обутоби ҳаётро паси сар мекунанд. Маҳз, дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ ва муҳофизат кардани хоки поки Ватанро меомӯзанд. Яъне, хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандӯстӣ, дарки зарурат ва аҳамияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад.

- Боиси ифтихор аст, ки гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳое баргузор шуда истодааст, ки мардуми кишвар бо рӯҳияи болидаву дили пур аз меҳру муҳаббат ва ифтихор аз Ватану ватандорӣ ҷашни Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуда, меҳру садоқати бепоёни худро бори дигар нисбат ба Ватан ва арзишҳои он нишон медиҳанд, - иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят ҳамзамон зикр дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд баҳри таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Раиси вилоят «Оид ба даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ» якҷо бо комиссияҳои даъватӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро мунтазам ба роҳ монда, нақшаи даъвати баҳории соли 2019-умро пеш аз мӯҳлати муқарраршуда иҷро намуд, ки ин дар навбати худ, аз болоравии ҳиссиёти худшиносии милливу ватанпарварии ҷавонони суғдӣ башорат медиҳад.

Таъкид гардид, ки корҳои тарғиботию ташвиқотии дар марҳилаи байнидаъватӣ баргузоргардида, боиси он шуд, ки дар ин рӯз 1500 нафар ҷавонони ватандӯст аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир шуданд.

Раиси вилоят дар фарҷоми суханронӣ изҳори боварӣ намуд, ки дигар ҳамсолони даъватшавандагон низ бо дарки масъулияти фарзандиву шаҳрвандӣ ва ҳидояти волидони худогоҳашон, ҳамчун номбардорони падару бобоёни шуҷои худ, дар рӯзҳои наздиктарин барои хизмати Модар – Ватан камари ҳиммат мебанданд.

- Боварии комил дорам, ки хизматчиёни ҳарбӣ - сокинони вилоят - аз сарбози қаторӣ то генерал бо хизмати садоқатмандонаю бошарафона ба Ватан дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ саҳм гузошта, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сарбаландона иҷро карда, марзи Ватани азизамонро аз ҳама гуна амалиёти таҳрибкорона ҳимоя менамоянд ва иқтидори мудофиавии мамлакатро густариш мебахшанд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзи нахусти гусели даъватшавандагон ноҳияи Шаҳристон ва шаҳри Исфара нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳро таъмин намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд









Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид СУҒД: 1500 нафар ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд