Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32
Ба 60 нафар занону духтарони ҳунарманди вилоят 420 000 сомонӣ маблағҳои грантӣ тақдим карда шуд - 18.10.2019 15:22
Баргузории ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд - 18.10.2019 12:06
19 октябр бахшида ба Иди Меҳргон дар маркази вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварӣ доир мешавад - 18.10.2019 11:02
Шиносоии хонандагони макотиби ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ бо шароити таҳсил дар ДДҲБСТ - 18.10.2019 10:40
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо хизматчиёни соҳаи ақибгоҳи сохторҳои низомии мамлакат мулоқот намуданд - 17.10.2019 16:40
Ответ киргизским провокаторам: Бодканд наша таджикская земля - 17.10.2019 15:50
Кыргызско-таджикская граница. Каждое действие рождает противодействие - 17.10.2019 15:16

Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 5
  • Минбаъда

5 октябр ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни ҷамъомад ва сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки аз соли 2009 инҷониб дар саросари кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 5 - уми октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Таъкид карда шуд, ки аз сарчашмаҳои таърихӣ маълум мегардад, ки забони тоҷикӣ дар тӯли таърихи ҳастии хеш ҳамчун пурарзиштарин падидаи фарҳанги тоҷикон симои миллати куҳанбунёди моро ба таври шоиста муаррифӣ намудааст.

Воқеан ҳам, забони тоҷикӣ тавассути осори пурғановати устоди шоирон Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ пойдор гардида, умри ҷовидона касб кард. Минбаъд ин забон дар осори бузургоне чун Ҳаким Фирдавсӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Сайидои Насафӣ, Абдулқодири Бедил, Аҳмади Дониш, Нақибхони Туғрал, Тошхоҷа Асирӣ ва ҳазорон суханварони дигар ғановат ва шукӯҳу шаҳомати хоса дарёфт.

- Ин нукта баёнгари он аст, ки забони тоҷикӣ бузургтарин асос, шиноснома, нишон ва ёдгори маънавиест, ки ҳамчун оинаи сарнавишти мардуми фарҳангофари мо инъикосгари гузаштаи бою рангини сарнавишти таърихии халқамон мебошад. Нуфуз ва иқтидори ин забон дар асрҳои миёна на танҳо дар ҳавзаи илму фарҳанг, балки дар сиёсату давлатдорӣ низ бузург буд, зеро маҳз бо шарофати забони модариамон тамаддуни қадимтарин, таърихи пурғановату рангин, ганҷинаи гаронбаҳои адабию бадеӣ ва ахлоқӣ, суннат, расму ойин ва анъанаҳое, ки инъикосгари хусусиятҳои хоси миллат ҳастанд, то ба мо омада расидаанд, - таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Забони тоҷикӣ дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дубора ба мақоми таърихии хеш соҳиб гашт, ки ин пеш аз ҳама, ба сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи забон пайванди ногусастанӣ дорад. Забон чун рукни ҷудонашавандаи маънавӣ бо ҳаёти миллати тоҷик пайванди қавӣ дошта, дар тӯли ҳастии худ чун далели раднопазири қадима будани миллати тоҷик, нигоҳдорандаи мероси бебаҳои ниёгон, пайвандгари миллат ва воситаи муошират хидмат кард ва ин рисолати муқаддаси худро дар замони истиқлолият низ идома медиҳад.

Давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар шароити давлатдории навин барои рушди забони миллӣ ҳамчун забони давлатӣ аз тамоми имконот истифода бурда, барои такомули минбаъдаи он тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд. Имрӯз забони тоҷикӣ на танҳо забони илм, адабиёт ва фарҳанг, балки чун забони сиёсат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо садо дода, боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар фарди ватандӯст ва соҳибмаърифат гардидааст.

Расидан ба Истиқлолияти давлатӣ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба густаришу рушди фарҳанг ва маънавият, сайқал бахшидани забони адабӣ, ғанигардонии захираи луғавӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ заминаи мусоидро фароҳам овард.

Раҷаббой Аҳмадзода инчунин роҷеъ ба забономӯзии насли ҷавон, аҳамияти баргузории озмунҳои маърифатии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ», бобати поку беолоиш нигоҳ доштани забони тоҷикӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифату маънавияти аҳли ҷомеа фикру андешаҳои хешро баён дошт.

Дар поёни ҷамъомади идона барномаи пурмуҳтавои фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки басо завқбахшу хотирмон буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд






Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон