Хабарҳо
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд - 16.10.2019 10:10
Шаҳри Гулистон ва ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ нақшаи даъватро иҷро намуданд - 16.10.2019 09:58
Бо ташаббуси соҳибкори бурунмарзӣ дар Хуҷанд корхонаи нави саноатӣ бунёд карда мешавад - 15.10.2019 19:31
АВРУПО: Хонаи озоди ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!! - 15.10.2019 11:37
«Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф шуд - 15.10.2019 08:54
Дар нуҳ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 5 миллиарду 456,9 млн. сомониро ташкил дод - 15.10.2019 09:51
Конибодом. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 159 иншоот ба истифода дода шуд - 15.10.2019 09:49
Баргузории тренинги муштарак ҷиҳати баланд бардоштани маърифати экологӣ - 15.10.2019 09:46
Таҷлили Иди Меҳргон дар вилояти Суғд - 14.10.2019 17:53
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи саноат мулоқот намуданд - 14.10.2019 16:41

Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ

( 0 Овоз )

Ҳамватанони гиромӣ!

Санаи 22 сентябр дар ҷумҳурии мо ҳамчун рӯзи бузургдошти асосгузори шеъри форсӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.

Ба ин муносибат, кулли сокинони вилоят, бахусус аҳли илму адаб, зиёиён ва олимону донишмандонро бо ин рӯзи тантанаи илму маърифат ва хираду дониш таҳният мегӯям.

Устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз бузургмардон ва фарҳехтагони ҷаҳони шеъру адаб ба ҳисоб рафта, бо назми оламгир ва донишу истеъдоди фақулода дар шинохти ҳақиқати рӯзгор моро панди зиндагӣ додааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эҷодиёти шоири беҳамто баҳои баланд дода, чунин гуфтаанд: “Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастатарин шахсиятҳои таърихии миллати куҳанбунёди мо мебошад”.

Мавзуъҳои панду андарз, тарғиби некиву некӯкорӣ, дӯстӣ, хуш гузаронидани умр ва ба муҳтоҷону дармондагон дасти ёрӣ дароз кардан ҷавҳари ашъори Рӯдакиро ташкил дода, барои сарҷамъии мардуми олам хидмати мондагорро анҷом додааст. Андарзҳои устоди назм имрӯз низ мақому маҳбубияти худро побарҷо нигоҳ дошта, дар тарбияи инсонҳои асил, тарғиби ахлоқи шоиста, накӯкорӣ, бо дӯст шоду масрур зистан, илму маърифатро чароғи раҳнамои зиндагӣ қарор додан нақши равшан дорад.

Шеъри оламгири Рӯдакӣ барои густариши ҷуғрофиёи забони тоҷикӣ дар ақсои олам мусоидат ва тӯли асрҳо барои поку муназзаҳ ҳифз гардидани ин рукни муҳими давлатдории миллӣ хизмат намудааст.

Рисолати шеъри Рӯдакӣ инсонгароӣ буда, шоир таъкид мекунад, ки инсон бояд дар ҳама кор ва дар давоми зиндагии худ ба халқ бо нияти нек хизмат карданро фаромӯш накунад, аз ин рӯ, ин таълимот дар камолоти маънавии халқҳо мавқеи беназирро ишғол намудааст.

Бузургдошти Рӯзи асосгузори шеъри тоҷикӣ Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ арҷгузорӣ ба фарҳанги тамаддуни оламгири мост. Дар замони соҳибистиқлолӣ ин иқдом ҷилои тоза пайдо намуда, чунонки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, бо ин роҳ мо “наслҳои имрӯзу ояндаи миллати худро аз аслу насаби хеш, ки аз азал соҳиби фарҳангу тамаддун ва суннатҳои деринаи давлатдорӣ буданд, воқиф месозем ва онҳоро ба худшиносии миллии ифтихор аз ватандорӣ раҳнамоӣ менамоем”.

Бори дигар, тамоми мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари вилоятро бо Рӯзи Рӯдакӣ табрику муборакбод намуда, барояшон хотирҷамъӣ, комёбӣ, бахту иқбол, саодати хонаводагӣ ва дастовардҳои беназир таманно менамоям.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ