Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )

11 сентябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру деҳоти Панҷакент дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар маросими баистифодадиҳии коргоҳи дӯзандагӣ ширкат варзид.

Коргоҳи дӯзандагӣ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Зарина Суннатиллоева дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Дар коргоҳи мазкур 13 нафар бонувон бо ҷойи корӣ таъмин гардида, минбаъд дар асоси фармоишот ба дӯхту омодасозии либосҳои гуногун машғул хоҳанд шуд.

Раиси вилоят зимни ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ ба соҳибкор ҷиҳати таъсиси ҷойҳои нави корӣ изҳори сипос намуда, тавсия дод, ки минбаъд доираи фаъолияти коргоҳ васеъ карда шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон таъкид кард, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент 405 иншоот таъиноти гуногун, аз ҷумла соли 2019-ум 139 иншоот ба истифода дода мешавад, ки дар натиҷа садҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят аз роҳи мошингарди ҳудуди деҳаи Ёрӣ, ки бо ташаббуси соҳибкор Зокир Шарипов мумфарш шудааст, боздид кард. Роҳи мазкурро соҳибкор аз ҳисоби пасандозҳои худ бо харҷи 400​ 000 сомонӣ ва ба дарозии 900 метр мумфарш кардааст.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро шоистаи пайравӣ унвон карда, иброз дошт, ки дар баробари маблағгузориҳои давлатӣ саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон дар ободонии маҳал нишонаи ватандӯстӣ мебошад. ​

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент