Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

12 сентябри соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр қабули шаҳрвандонро доир намуд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз баррасии муроҷиатҳои сокинон таъкид кард, ки қабули шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  яке аз ҷузъҳои афзалиятноки фаъолият маҳсуб ёфта, ҷараёни иҷрои муроҷиатҳо таҳти назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Дар рафти қабули шаҳрвандон 50 нафар сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент бо масъалаҳои вобаста ба баҳси замин, ҷудо кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, танқисии оби полезӣ ва нўшокӣ, бунёди иншооту муассисаҳои хизматрасон ва амсоли ин ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Раиси вилоят ҳар як муроҷиати сокинонро баррасӣ намуда, ҷиҳати ҳали масъалаҳои матраҳшуда ба роҳбарони ташкилоту идораҳои вилоятӣ, раиси шаҳри Панҷакент Ислом Шафеиён, раисони ҷамоатҳои  деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят собиқадорони меҳнат Ҳамида Холова, Бобораҷаб Бобоев ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Лутфулло Сироҷови 105 соларо аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Ёдовар бояд шуд, ки давоми ҳашт моҳи соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 252 муроҷиати сокинони  шаҳри Панҷакент, аз ҷумла 46 муроҷиати шифоҳӣ  ва 206 муроҷиати хаттӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин давра дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 3622 муроҷиат, аз ҷумла 2282 хаттӣ ва 1340 адад шифоҳӣ ба қайд гирифта шуда, мавриди баррасии масъулин қарор гирифтааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент