Хабарҳо
ДЕ-ФАКТО! МУСОҲИБА БО АБДУЛЛО РАҲНАМО ДАР ХОШИЯИ КОНФРОНСИ САҲА - 21.09.2019 21:24
ИНТЕРВЬЮ С АМИНДЖОНОМ АБДУРАХИМОВЫМ В КУЛУАРАХ КОНФЕРЕНЦИИ ОБСЕ - 21.09.2019 21:14
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 3
  • Минбаъда

11 сентябр дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд.

Майдончаи варзишӣ дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Умаралӣ Зиёев сохта шудааст.

Корҳои сохтмонии майдончаи варзишӣ моҳи марти соли равон оғоз ёфта буд ва барои бунёди иншоот 200 000 сомонӣ сарф гардидааст. Соҳибкор ҳамзамон нақша дорад, ки дар шафати майдончаи варзишӣ боз як толори варзишӣ бунёд намуда, онро ба истифода супорад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои варзишӣ аз рафти бунёдкориҳо дар вилоят ёдовар шуда, таъкид кард, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 дар вилоят даҳҳо иншооти варзишӣ бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Гуфта шуд, ки имрӯзҳо дар вилоят 2523 иншооти варзишӣ фаъолият доранд ва ҷавонону наврасон аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Сокинону ҷавонони деҳаи Сӯҷина низ бояд бо истифода аз имконоти фароҳамгардида ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш машғул гарданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд




Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент