Хабарҳо
Айби худ аблаҳ набинад дар ҷаҳон.... - 18.02.2020 17:51
Мулоқоти Раиси вилояти Суғд, Раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони дастаҳои футболи шаҳру ноҳияҳо - 17.02.2020 18:02
Раиси вилоят намояндагони Академияи илмҳои миллии Ҷумҳурии Белорусро ба ҳузур пазируфт - 18.02.2020 12:04
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолити ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” - 18.02.2020 14:39
Ба сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон санги асос гузошта шуд - 18.02.2020 14:42
Раиси вилоят аз сохтмони осоишгоҳ дар шаҳри Гулистон сохташаванда шинос шуд - 18.02.2020 14:43
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25

Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )

11 сентябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент муассисаи томактабии хусусӣ ба истифода дода шуд.

Раиси вилоят зимни суҳбат дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур таъкид кард, ки роҳбарияти вилоят ба масъалаи фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, соҳибкоронеро, ки дар бунёди кӯдакистонҳо иқдом мегиранд, дастгирӣ менамояд.

Гуфта шуд, ки дар аснои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд, ки рӯзҳои 20-25 августи соли равон сурат гирифта буд, дар ноҳияҳои Деваштичу Зафаробод ва Ҷаббор Расулов се кӯдакистони нав ба истифода дода шуд. Бархе аз ин кӯдакистонҳо маҳз аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардидааст.

Боиси зикр аст, ки муассисаи томактабии хусусии деҳаи Ёрӣ аз тарафи соҳибкор Афсаҳиддин Файзиев сохта шуда, дорои 100 ҷой мебошад. Ба иттилои масъулин бо ифтитоҳи иншоот 20 нафар сокинон бо ҷойи корӣ таъмин гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд





Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент