Хабарҳо
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25
Шиносии Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи «Садаф» - 14.02.2020 14:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд - 14.02.2020 14:49
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 14.02.2020 17:12
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 15.02.2020 09:19
Спитамен: Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд - 15.02.2020 10:25
Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ - 15.02.2020 14:26

Раиси вилоят собиқадори меҳнат Ҷура Бобоевро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат ва дорандаи ордени “Шараф”, дараҷаи II​ Ҷура Бобоевро аёдат намуд.

Ҷура Бобоеви 89 сола аз соли 1960 ба токпарварӣ машғул буда, соли 2008 ҳамчун «Ангурпарвари беҳтарин» шинохта шудааст. Мавсуф соҳиби 9 фарзанд, 34 набера ва 10 абера аст ва сарвари хоҷагии деҳқонии «Ҷура Саркор» мебошад. Ҷура Бобоев 14 гектар ток бунёд карда, дар парвариши навъҳои кишмиши сиёҳу сафед, ҳусайнӣ, чиллагӣ, соҳибӣ, калони сурху сафед, тагобӣ, ангури сурхак, васарға ва тоифӣ таҷрибаи бой дорад ва устоди кори худ мебошад.

Раиси вилоят зимни аёдат бо ин пири барнодил суҳбат намуда, фаъолияти кории ӯро намунаи ибрат барои насли ҷавон арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки маҳз кору пайкори чунин шахсиятҳои соҳибтаҷриба барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат мусоидат менамояд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят собиқадори меҳнат Ҷура Бобоевро аёдат намуд