Хабарҳо
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 -Выступление Хикматулло Холикова Ассоциация таджиков в Казахстане - 20.09.2019 21:08
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019. Выступление Х. Аюбов представителя Ассоциации таджикской молодежи в РФ - 20.09.2019 20:47
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Второе выступление представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 20:32
Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:55
Выступление Музаффара Ашурова, представителя РТ в ОБСЕ - 20.09.2019 19:50
Выступление Рустама Хайдарова, представителя НПО «Садокат», Таджикистан - 20.09.2019 19:47
Выступление Абдулло Рахнамо о соблюдения свободе совести на заседание ОБСЕ - 20.09.2019 19:05
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Ответ представителя Таджикистана Музаффара Ашуриёна - 20.09.2019 19:01
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя НПО Садокат Рустама Хайдарова - 20.09.2019 18:58
ВАРШАВА. ОБСЕ. 20.09.2019 - Выступление представителя Таджикистана Зарифа Ализода - 20.09.2019 18:52

Бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба истифода дода шуд

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 4
  • Минбаъда

Дирӯз бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва директори Департаменти техникии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ Ана Раффо-Каиадо бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими баистифодадиҳии иншооти нави соҳаи тандурустӣ таъкид гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ба рушди соҳаи тандурустӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ҳамкорӣ бо ташкилоту ниҳодҳои байналмилалӣ дастгоҳу таҷҳизоти навтарин ворид гардида истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилоят бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ҳаҷми беш аз 5 миллион сомонӣ бунёд гардида, бо дастгирии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ ба маблағи зиёда аз 2 миллион доллари ИМА таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла дастгоҳи нурафкании “ТЕРАБАЛТ” харидорӣ ва насб карда шуд. 
Бунёд ва ҷиҳозонидани шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд бо таҷҳизоти муосири тиббӣ имкон медиҳад, ки беморон дар дохили вилоят табобат гиранд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо кормандони Маркази саратоншиносии вилоят изҳори боварӣ намуд, ки табибон бо истифода аз шароити фароҳамшуда ва таҷҳизоти навтарини тиббӣ барои ҳифзи сиҳатии мардум талош менамоянд.

Сипас, бо иштироки Раиси вилоят дар саҳни Маркази саратоншиносии вилоят парда аз рӯи муҷассамаи аллома Абӯалӣ ибни Сино бардошта шуд. Муҷассамаи пири ҳакимони машриқзамин дар доираи корҳои ободониву созандагӣ бо ташаббуси маъмурияти марказ бунёд гардидааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Бинои нави шуъбаи нурафкании Маркази саратоншиносии вилояти Суғд ба истифода дода шуд