Хабарҳо
Ифтитоҳи муассисаи томактабии хусусӣ дар деҳаи Ёрии Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:41
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар деҳаи Сӯҷинаи Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:42
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №107 дар шаҳри Панҷакент - 13.09.2019 11:05
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону сокинони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд - 13.09.2019 09:02
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қасри фарҳанги ноҳияи Данғараро ифтитоҳ намуданд - 13.09.2019 08:52
Ифтитоҳи маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:35
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Панҷакент ​ ​ - 12.09.2019 15:18
Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:36
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Панҷакент - 12.09.2019 14:44

Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан

( 0 Овоз )

Ҳамасола 17-уми август дар ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони роҳи оҳан таҷлил мегардад ва ба ин муносибат кулли кормандони соҳаро табрику муборакбод менамоям.

Роҳи оҳан омили муҳими сохтори нақлиётии кишвар буда, дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ, нисбат ба дигар соҳа, нақлиёти бартаридошта маҳсуб меёбад. Зеро, дар 7 моҳи соли ҷорӣ тавассути роҳи оҳан 1994,6 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва садҳо нафар мусофир кашонида шуданд.

Имрӯзҳо мардуми тоҷик дар остонаи таҷлили ҷашни мубораку таърихии миллатамон – 28 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Истиқлолияти давлатӣ ба мо имконият дод, ки соҳиби ватани озоду обод ва давлатдории миллӣ гардем, бо эҳёи арзишҳои суннатӣ ормонҳои чандинасраи халқамонро амалӣ намуда, зиндагии босаодати мардумро ба роҳ монем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маарҳалаи сифатан нави тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии худ ворид гардидааст, ки аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Пайгирона вусъат бахшидан ба ислоҳоти устувори иқтисодӣ ва ба ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва фароҳам овардани шароит барои рӯзгори шоистаи бошандагони мамлакат аз вазифаҳои асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ташаббусҳои Пешвои миллат роҳиоҳанчиёни вилоят низ, дар қатори дигар соҳаҳо, ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ камари ҳиммат бастаанд.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, чун истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуда, маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми 28 - соли Истиқлолият дар кишвар дар қатори дигар соҳаҳо ҷабҳаи нақлиёти роҳи оҳан низ рушд ёфта, корҳое ба анҷом расонида шуданд, ки орзуи чандсолаи мардуми тоҷик буд.

Ҷавобан ба ин ғамхориҳои давлату Ҳукумат роҳиоҳанчиёни вилоят баҳри бо нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ кор карда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд ва дар ободонию пешрафти кишвари азизамон ҳиссаи босазо мегузоранд.

Бори дигар кулли кормандони роҳи оҳан ва ҳамаи онҳоеро, ки пешрафти соҳаро таъмин менамоянд, бо рӯзи фархунда шодбош гуфта, саломатии бардавом, ободии рӯзгор ва барору комёбиҳои меҳнатӣ таманно дорам.

Иди касбӣ муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони роҳи оҳан