Хабарҳо
Дар шаҳри Конибодом дар мавзӯи «Занон ва интихобот» ҳамоиш гузаронида шуд - 11.12.2019 15:40
Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд масъалаҳои ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ва миқдори ҳавзаҳои ҳудудии интихоботиро баррасӣ карданд - 11.12.2019 13:24
Дар шаҳри Бӯстон 30 ҳавзаи ҳудудии интихобот таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:22
Ҷаласаи навбатии кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ - 11.12.2019 13:12
Барои интихоботи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 70 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад - 11.12.2019 13:10
Тақдими автомашинаҳо ба пешқадамони мавсими пахтачинӣ - 10.12.2019 16:50
Таҷлили Рӯзи кормандони мақомоти молия - 10.12.2019 13:26
Таҷлили 25 – умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Спитамен - 10.12.2019 11:37
Ифтитоҳи Марказӣ саломатӣ дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ - 10.12.2019 11:31
Мулоқоти Раиси вилоят бо гуруҳи соҳибкорони Федератсияи Русия - 09.12.2019 16:45

Дар Панҷакент ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани​ 5500 – солагии Саразми бостонӣ баргузор гардид

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 2
  • Минбаъда

Имрӯз дар Мамнўъгоҳи таърихиву бостоншиносии “Саразм”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ Қоҳир Расулзода ҷаласа баргузор шуд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳмияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Зикр карда шуд, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст ва ҳайати кумитаи тадорукоту нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, корҳои омодагӣ идома доранд.

Сарвазири мамлакат, Раиси Кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ Қоҳир Расулзода ба масъулин ва аъзои кумитаи тадорукот бобати иҷрои нақшаи чорабиниҳо, идома додани корҳои бостоншиносӣ дар Саразм, омодасозии иншооти ҷашнӣ ва дигар масъалаҳои мавриди назар супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин гузориши Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода доир ба рафти корҳои бостоншиносӣ ва бунёди иншооти ҷашнӣ шунида шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар поёни ҷаласа иброз дошт, ки сокинони меҳнатқарини вилоят бо ҷонибдорӣ аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 5500 – солагии Саразми бостонӣ аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки аз 2 майи соли 2019, № 195 “Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ” қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки тибқи он соли оянда 5500 – солагии Саразми бостонӣ таҷлил карда мешавад.

Ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтаааст.

Шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва​ муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар Панҷакент ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба ҷашн гирифтани​ 5500 – солагии Саразми бостонӣ баргузор гардид