Хабарҳо
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 17.10.2020 15:45

Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн

( 0 Овоз )

Видео :Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн 22 июли соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэнро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои самаранок ва ташкили боз як корхонаи нави металлургӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят ҳини суҳбат аз муносибатҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ёдовар шуда, қайд намуд, ки бо сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо якчанд корхонаи муштарак мавриди истифода қарор дорад, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад. Таъкид гардид, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон шудааст ва дар ин раванд ташкили корхонаҳои азими саноатӣ барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд.

Яке аз чунин корхонаҳои азими саноатӣ, ки айни замон сохтмонаш ҷараён дорад, ҶСП “Талко Голд” мебошад. Ин корхона дар мавзеъи Кончочи ноҳияи Айни бо харҷи 200 миллион доллари ИМА бунёд гардида истодааст ва то имрӯз дар корҳои сохтмонӣ 60 миллион доллари ИМА азхуд карда шудааст. Айни замон ба корҳои сохтмонӣ 400 нафар ҷалб гардида, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона дар соли 2020 беш аз 1000 нафар бо ҷоий корӣ таъмин мешаванд.

ҶСП “Талко Голд” дар заминаи маъдани кони Кончоч, ки иборат аз се қитъа, яъне Чулбои, Кончоч ва Шахкон мебошад, сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин кон захираи панҷ унсури кимиёӣ, аз ҷумла тиллову сурма асосӣ ва нуқра, симоб, флюорит ҳамчун унсурҳои ҳамроҳ ҳисобу китоб шуда, ба тавозуни захираҳои давлатӣ гузошта шудаанд.

Ли Фэн ҳангоми мулоқот иттилоъ дод, ки тасмим доранд бо ҷалби сармояи чинӣ боз як корхонаи нави металлургиро дар вилоят бунёд намоянд.

Раиси вилоят таъкид кард, ки ҷониби вилоят барои тақвияти ҳамкориҳо ва таъсиси ҳарчӣ бештари корхонаҳои саноатӣ омода аст.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки барои оғози корҳои сохтмонӣ мавзеи муносиб интихоб гардида, баҳри бунёди корхона корҳои омӯзишӣ оғоз карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо директори генералии ҶСП “Талко Голд” Ли Фэн