Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ро дар деҳаи Қули Суфиён мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қули Суфиёни деҳоти Оқсу Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Муассисаи таълимӣ дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва тадбирҳои вобаста ба солҳои 2019-2021 – Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохта шудааст.

Сохтмони иншоот моҳи сентябри соли 2018 оғоз гардида, имрӯз дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода супорида шуд.

Масоҳати умумии замини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 — 1,8 гектарро ташкил дода, дар маркази деҳа бунёд карда шудааст.

Муассисаи таълимӣ дуошёна буда, барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 480 нафар хонанда пешбинӣ шудааст.

Иншооти мазкур дорои 10 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ, физика, химия, биология, китобхона ва дигар утоқҳои лозима мебошад.

Ҳамаи синфхонаҳо бо ашёи зарурии хониш, аз қабили мизу курсӣ ва муосиртарин таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд

Баъди ба истифода супоридани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонандагону омӯзгорон дастур доданд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ бо роҳи омӯзиши илмҳои муосир ва соҳибкасб гаштан дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми хешро гузоранд.

Бо пуштибонӣ аз сиёсати муваффақона хонандагону омӯзгорони ин деҳаи кӯҳистони мамлакат ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори минатдорӣ карданд.

Қаблан дар деҳаи Қули Суфиён муассисаи таълимӣ бо 150 ҷойи нишаст фаъолият дошт, вале бо сабаби ҷавобгӯ набудан ба талаботи замони муосир ва афзоиши шумораи хонандагон сокинон ба мушкилот дучор гашта буданд.

Вобаста ба ин ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ва беҳтар кардани инфрасохтори деҳот аз ҷониби соҳибкорону ҷавонмардони баномусу ватандӯсти ноҳияи Данғара ин мушкилоти сокинону хонандагони деҳаи Қули Суфиён бартараф карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки имрӯзҳо дар ҳамаи деҳоти ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо саҳми соҳибкорону ҷавонмардони баномусу ватандӯст сохтмони иншооти гуногун бо маром ҷараён дорад, ки ҳамаи ин аз ҷонибдории кулли сокинони ноҳияи Данғара аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33-ро дар деҳаи Қули Суфиён мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд