Хабарҳо
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53
Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 18.07.2019 08:44
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА - 18.07.2019 06:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34

Оғози мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий дар шаҳри Гулистон

( 0 Овоз )

8 июл дар шаҳри Гулистон бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий оғоз ёфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабл аз оғози корҳои мумфаршсозӣ бо сокинони шаҳр суҳбат намуда, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳо корҳои ободониву созандагӣ, аз ҷумла таъмиру мумфаршсозии роҳҳо вусъати тоза пайдо намудааст. Баҳри иҷрои корҳои роҳсозиву ободонӣ аз буҷети вилоят ва шаҳру ноҳияҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, илова бар ин соҳибкорону саховатмандон низ барои ободии роҳҳои маҳалли худ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Дар ин росто аз ташаббуси соҳибкор Турсуной Зокирова, ки иқдом гирифтааст кӯчаи ба номи Максим Горкийро мумфарш созад, ёдоварӣ карда шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий аз бурриши кӯчаи Истиқлол оғоз гардида, то варзишгоҳи марказии шаҳр идома меёбад. Дар доираи корҳои мумфаршсозӣ чароғонкунӣ, сафолакпӯш намудани роҳравҳо ва кабудизоркунии шафати кӯча низ ба назар гирифта шудааст. Масоҳати умумии роҳи мумфаршшаванда 5 000,0м2 дар бар мегирад. 

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози мумфаршкунии роҳи автомобилгарди кӯчаи ба номи Максим Горкий дар шаҳри Гулистон