Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншоотҳо дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ

( 0 Овоз )
  • Пешина
  • 1 of 6
  • Минбаъда

Дар доираи 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти сохтмони як қатор иншооти ҷашнӣ шинос гардид.

Раиси вилоят аз ҷумла ҷараёни корҳои сохтмониро дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, бинои Беморхонаи марказии ноҳия, бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бинои Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бинои Суди ноҳия, бинои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Раиси вилоят зимни боздид аз рафти корҳои сохтмонӣ дар силсилаиншооти бунёдшаванда ба пудратчиён ва масъулин супориш дод, ки шумораи кормандонро зиёд намуда, барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ба истифода додани иншоотҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд. Тибқи иттилои масъулин дар ин иншоотҳои ҷашнӣ айни замон 300 нафар сохтмончиён кор мекунанд ва мувофиқи дастури роҳбари вилоят теъдоди онҳо ба 500 нафар расонида мешавад. Яъне метавон гуфт, ки дар баробари обод гардидани ноҳия ҳамзамон мардум бо ҷойи корӣ ва маоши арзанда таъмин гардида истодаанд.

Бояд зикр намуд, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 110 иншооти муҳими иҷтимоӣ сохта мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд







Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншоотҳо дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ