Хабарҳо
Дар доираи​ ҳафтаи​ "Илм, техника, инноватсия ва ихтироъкории кӯдакону наврасон" озмунҳои гуногун гузаронида мешавад - 29.10.2020 10:01
Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус - 29.10.2020 09:59
Бӯстон. Созандагони​ армуғонҳои беҳтарин барои сайёҳон муайян гардиданд - 29.10.2020 09:53
1 ноябр дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таътили тирамоҳӣ оғоз меёбад - 28.10.2020 16:49
Сафари кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом - 28.10.2020 15:22
Гулистон. Беш аз 12 км роҳҳои автомобилгард мумфарш карда шуд - 28.10.2020 14:30
Роҳбарони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносии Тошкент мулоқот намуданд - 28.10.2020 11:08
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 28.10.2020 08:57
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 13234 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст - 27.10.2020 15:35
Маҷаллаи адабӣ ва илмию оммавии «Паёми Суғд» 25 сола шуд - 26.10.2020 14:01

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик”

( 0 Овоз )

17 июн Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” – и шаҳри Хуҷанд шинос гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, чанде қабл дар зеристгоҳ ду адад трасформатори 25 000 кВА насб карда шуд ва айни ҳол насби дигар таҷҳизоти зарурӣ барои қабул ва интиқоли нерӯи барқ идома дорад. Корҳои сохтмонии зеристгоҳ аз тарафи мутахассисони корхонаи “Тоҷикгидроэлектромантаж” ба анҷом расонида мешавад.

Ёдовар бояд шуд, ки сохтмони зеристгоҳи нави барқии «Темурмалик» моҳи июли соли гузашта бо​ маблағгузории Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар ҳаҷми 4 миллион доллар оғоз ёфта буд. Бо фаъол гардидани ин зеристгоҳ зеристгоҳҳои дигари шаҳр камбор гардида, талафоти нерӯи барқ низ кам хоҳад шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик”