Хабарҳо
Суғд: То имрӯз 91 913 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд - 21.10.2019 15:58
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 21.10.2019 15:53
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ - 21.10.2019 15:21
Мастчоҳ. Раҷаббой Аҳмадзода ба чинакчиёни беҳтарин туҳфаҳо тақдим кард - 21.10.2019 14:59
Баргузории иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум - 21.10.2019 13:27
Иштироки намояндагони вилояти Суғд дар намоишгоҳ ва форуми «Ули дала ели»-и шаҳри Нур-Султон - 21.10.2019 13:20
Дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ зиёда аз 250 тонна маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба фурӯш гузошта шуд - 21.10.2019 12:53
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ дар Исфара - 18.10.2019 16:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:37
Баргузории қабули шаҳрвандон дар шаҳри Исфара - 18.10.2019 16:32

Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Айнӣ

( 0 Овоз )

15 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Айнӣ бо рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия шинос гардид.

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Айнӣ сохтмони як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ҷараён дорад, ки бо мавриди истифода қарор гирифтани онҳо даҳҳо ҷойи нави корӣ таъсис меёбад ва симои ноҳия низ дигаргун хоҳад шуд.

Варзишгоҳи марказии ноҳия ва Боғи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин иншоотҳоест, ки имрӯзҳо сохтмонашон бо маром идома дорад. Тавре зимни шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни корҳо иттилоъ дода шуд, варзишгоҳи марказии ноҳияи Айнӣ бо 6000 ҷойи нишаст бунёд гардида, то имрӯз бист дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асоси  вилояти Суғд буда, корҳои сохтмону васлкуниро бунёдкорони “ПМК-278” ба иҷро мерасонанд.

Боғи Парчами давлатӣ бошад дар шафати варзишгоҳ сохта шуда, дар он барои истироҳату фароғати сокинон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Зимни шиносоӣ Раиси вилоят барои бо сифати баланд ба итмом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ноҳия ва масъулини соҳаи сохтмон дастуру супоришҳо дод.

Сипас, Раиси вилоят рафти сохтмони бинои нави мактаби деҳаи Зерободи Ҷамоати деҳоти Дар-Дарро мушоҳида намуд. Бинои нави таълимӣ барои таҳсили 620 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, аз се ошёнаву таҳхона ва 24 синфхона иборат аст. Ба иттилои масъулин сохтмончиёни “Тоҷикэлитсохтмон”  то имрӯз сӣ дарсади корҳоро ба анҷом расонидаанд ва сохтмони иншоот тибқи нақша идома дорад.

Раиси вилоят дар идомаи сафар бо роҳбарони корхонаҳои саноатии ноҳия низ мулоқот кард ва баҳри амалисозии лоиҳаи маҷмааи меҳмонхонаҳо, ки бунёди он бо саҳмгузории корхонаҳои ноҳия дар назар дошта шудааст, супоришҳо дод.

Маҷмааи меҳмонхонаҳо дар шафати шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бо мақсади фароҳамсозии шароити мусоид барои истироҳату фароғати сайёҳони дохиливу хориҷӣ ва рушди гардишгарӣ қомат хоҳад афрохт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо рафти сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Айнӣ