Хабарҳо
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40
Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” ​ - 18.06.2019 18:02
Саҳми кормандону ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар рушди санъати миллӣ назаррас аст - 18.06.2019 16:27
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” - 18.06.2019 15:37
Суғд: Дар шаҳру ноҳияҳо мумфаршсозии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст - 18.06.2019 15:17

Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия

( 0 Овоз )

Рӯзи якшанбеи 12 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода роҳбари Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия Муҳаммадаваз Саидов ва ҳамроҳонашро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҷалби сармоя ба иқтисодиёти вилоят ва ташкили корхонаҳои муштарак бо саҳмгузории инвесторони аврупоӣ мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар оғоз оид ба вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ ва раванди саноатикунонии вилоят маълумот дода, иброз дошт, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то соли 2021 дар вилоят беш аз 300 корхонаи саноатӣ бунёд карда мешавад. Дар ин раванд ташкили корхонаҳои муштарак низ ба манфиати кор буда, бо ин роҳ метавон садҳо ҷойи нави корӣ таъсис дод.

Дар аснои суҳбат масъулини Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия аз густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо мамлакатҳои гуногуни олам изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати бунёди корхонаҳои металлургӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли консерваи моҳӣ, батареяҳои офтобӣ, бунёди корхонаи истеҳсоли ранг бо ҷалби сармоягузорони аврупоӣ лоиҳаҳоро пешниҳод карданд. Аз ҷониби меҳмонон пешниҳод гардид, ки дар марҳилаи аввал корхонаи коркарди маъдан, аз ҷумла барит бо наздик 100 ҷойи корӣ сохта шавад.

Раиси вилоят татбиқи чунин лоиҳаҳо ва бунёди корхонаҳоро ба манфиати кор арзёбӣ карда, таъкид кард, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят омода аст ҳамкориҳоро бо сармоягузорон тақвият бахшад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари Намояндагии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Латвия