Хабарҳо
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40
Боздиди Раиси вилоят аз Муассисаи давлатии Боғи миллии “Ваҳдат” ​ - 18.06.2019 18:02
Саҳми кормандону ҳунармандони Кохи фарҳанги ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар рушди санъати миллӣ назаррас аст - 18.06.2019 16:27
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни насби таҷҳизот дар зеристгоҳи барқии ”Темурмалик” - 18.06.2019 15:37
Суғд: Дар шаҳру ноҳияҳо мумфаршсозии беш аз 100 километр роҳҳои мошингард ба нақша гирифта шудааст - 18.06.2019 15:17

Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

( 0 Овоз )

Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба пешвози ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони даҳҳо иншооти гуногун идома дорад.

Дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ҷаббор Расулов Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни сохтмони як қатор иншоотро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Раиси вилоят аз ҷумла бо рафти бунёди кӯдакистони хусусӣ шинос гардид. Чуноне иттилоъ дода шуд, кӯдакистони нав аз ҷониби соҳибкорзан Олтуной Бутаева сохта мешавад ва харҷномаи лоиҳавии он 1 миллиону 100​ 000 сомониро ташкил медиҳад. Бинои сохташаванда аз ду ошёна иборат буда, бо ифтитоҳи он 200 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта хоҳад шуд. Ин шашумин кӯдакистони хусусӣ дар ноҳия маҳсуб ёфта, шумораи умумии кӯдакистонҳои ноҳия 19 ададро ташкил мекунад.

Сипас, Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бо ҷараёни сохтмони корхонаи коркарди пахтаи «Органик-ян» шинос гардида, бунёди корхонаро барои баланд бардоштани нуфузи саноатии ноҳия саривақтӣ арзёбӣ кард.

«Органик-ян» корхонаи муштарак буда, дар он дар марҳилаи аввал 5 ҳазор тонна пахта коркард ва 100 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд. Чуноне аён гардид, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша идома дошта, беш аз 60 нафар сохтмончиён машғули коранд.

Дар чаҳорчуби корҳои ободониву бунёдкорӣ бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят роҳи мошингарди “Меҳробод-Спитамен” навсозӣ гардида истодааст. Дарозии роҳи таҷдидшаванда се километрро ташкил дода, айни ҳол корҳои сохтмонӣ тибқи нақша пеш меравад.

Ҳангоми шиносоӣ бо рафти корҳо Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки дар доираи корҳои навсозӣ ҷиҳати чароғонкунии роҳи мазкур низ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Ҷаббор Расулов