Хабарҳо
Ба имзо расидани як қатор қонунҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 20.06.2019 17:09
Баргузории конференсияи ҷумҳуриявии «Бузургии модарон дар Ваҳдат аст!» - 20.06.2019 16:53
Дар Хуҷанд таҳти унвони "Ҳамкории иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон:таърих ва замони муосир" конфронс доир мешавад - 20.06.2019 15:15
Суғд: Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон - Ватани азизи ман" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:19
Рӯзҳои 21 - 22 июн Ярмаркаи VI байналмилалии савдо "Суғд-2019" гузаронида мешавад - 20.06.2019 10:02
Сайҳун: Эҳтиёҷмандон соҳиби замин шуданд - 19.06.2019 16:44
Миёни аксбардорони касбиву ҳаваскор озмуни “Акси зебои кишварам” гузаронида мешавад - 19.06.2019 13:39
Нашри китобҳои «Масъалаҳои мубрами журналистика» ва «Масъалаҳои матбуоти маҳаллии ҳавзаи Суғд дар шароити ҷаҳонишавӣ» - 19.06.2019 11:21
Дар ноҳияи Деваштич наздик 100 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор дода шуд - 17.06.2019 15:06
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Рушди Осиё Шиксин Ченро ба ҳузур пазируфтанд - 19.06.2019 08:40

Пуштибони ТТЭ ҲНИ – СПИИ созмони террористӣ эълон шуд

( 0 Овоз )

8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп дар Қасри сафед расман изҳор дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) барои амалиёти террористии роҳбарияти Эрон, ки «воситаи асосӣ»-и ҳокимият дар самти «татбиқи амалиёти глобалии террористии он» мебошад, хизмат мекунад.

Бино ба хабари сомонаи «Фергана.Ру» (https://fergana.agency/articles/106464/), президенти Амрико, аз ҷумла гуфт: «Ман имрӯз дар бораи тадбирҳои маъмуриятам ҷиҳати ворид намудани Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон, аз ҷумла неруҳои «Қудс» ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ расман эълон медорам». Трамп ишора намуд, ки СПИИ терроризмро ҳамчун воситаи сиёсати давлатӣ истифода намуда, дар терроризм фаъолона иштирок менамояд ва онро ҳамчун воситаи сиёсати давлатӣ маблағгузорӣ менамояд ва пеш мебарад.

Инро котиби давлатӣ оид ба амнияти миллӣ Ҷон Болтон низ тасдиқ намуда, иброз дошт, ки «Иёлоти Муттаҳида ин сохтори мусаллаҳи Эронро ба рӯйхати созмонҳои террористии хориҷӣ ворид намуд, зеро СПИИ «терроризмро сармоягузорӣ мекунад ва дар ин сурат мардуми Эрон азият мекашанд».

Воқеан, Эрон дорои захираҳои бойи нефт, газ, ангишт ва дигар канданиҳои фоиданок буда, вале аксари мардуми он тайи солҳост, ки дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд.  Дар натиҷаи сиёсати таҷовузкоронаи роҳбарияти кишвар шаҳрвандони одии Ҷумҳурии Исломии Эрон маҷбуранд, ки душворӣ кашанд. Буҷети Эрон дар тӯли даҳсолаҳо тефитситӣ буда, вазъияти ноустувори макроиқтисодӣ ба миён омадааст. Қаллобӣ ва фасодкорӣ, ки танҳо ба мансабдорони баландпоя аз муҳити роҳбарияти кишвар ё созмонҳои ба онҳо содиқ, ба мисли СПИИ ва Шӯрои олии амнияти миллӣ (ШОАМ) даромад меорад, бениҳоят рушд кардааст.

Аз ин рӯ, хадамоти махсуси Эрон дигар ташкилотҳои террористию экстремистӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломиро, ки даҳсолаҳост дастгирӣ мекунад, таъмини пурра ва маблағгузорияшонро бар зиммаи худ гирифтаанд.  СПИИ, ки хазинаи давлат зери назораташ аст, бо даҳҳо миллиард доллар ташкилотҳои шахсӣ ва хориҷии ифротгарову террористиро сарпарастӣ ва бо силоҳ таъмин менамояд, ки ТТЭ ҲНИ аз ҷумлаи онҳост.

Дастгирии сарпарастӣ ($ 1 млн. 200 ҳаз) ва идеологии Эрон аз ТТЭ ҲНИ аз оғоз ба муташанниҷ кардани вазъи иҷтимоиву сиёсӣ ва кӯшиши табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ дар Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015 равона шуда буд.

Зери назорати СПИИ ва паноҳи кормандони сафорати Эрон дар ҶТ, ТТЭ ҲНИ тайи 20 соли мавҷудияти қонунии худ фаъолона фаъолиятҳои ғайриқонунӣ бурд. Дар шаҳрҳои Теҳрон, Гургон, Қум, Караҷи Эрон хадамоти махсус бо мақсади омодасозии ҷангиён лагери диверсионию террористӣ ташкил намуданд. Бо омӯзиши дастурдиҳандагони эронӣ террористон ходимони давлатӣ, олимон ва журналистони Тоҷикистонро куштанд. Мадрасаҳои давлатии Эрон дар Қум ва Гургон то вақтҳои охир бо тавсияи ТТЭ ҲНИ шаҳрвандони Тоҷикистонро меомӯзонданд.

Имрӯзҳо хадамоти махсуси Эрон дастгирӣ намудани Ташкилоти террористӣ- экстремистии ҲНИ-ро дар кишварҳои Аврупо идома дода истодааст.  Бо идора ва иштироки муҳандисони КСИР узви ҷиноии ТЭТ ҲНИ- «Ансоруллоҳ» омодагии махсусро дар Афғонистон ва давлатҳои Шарқи Наздик мегузаронанд.  Баъди ин, бо ҳадафи ғайриқонунӣ ворид шудан ба Тоҷикистон ба онҳо маблағ, шиносномаҳои тақаллубие медиҳанд, ки ба таври густурда дар нашриёти КСИР ва Вазорати иттилооти Эрон омода ва таҳия карда мешаванд.

Исботи ин гуфтаҳо метавонанд чандин филмҳои ҳуҷҷатие бошанд, ки дар онҳо фаъолони ТЭТ ҲНИ равандҳои фаъолияти ҷиноии хешро иброз доштаанд ва дар онҳо нақши асосиро мураббиёни эронӣ бозидаанд.  Дар лагерҳои Эрон онҳо омодагии махсус ва роҳу усулҳои тарзи аз байн бурдани якчанд нафарони сиёсӣ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандиро бар ивази пардохти маблағҳои иловагӣ гузаронидаанд.

Танҳо солҳои 2016-2018 барои эҳтиёҷоти ТЭТ ҲНИ ҷониби Эрон беш аз  3 млн доллар ҷудо намудааст. Ин маблағҳо барои ташкили кори воситаҳои иттилоърасонӣ, дастгирии сомонаҳо, таъмини молии мубаллиғони ин ҳизб равона мешуданд. Дар Австрия бо мақсади таблиғ ва ташвиқ бар зидди Ҳукумати ҶТ хадамоти махсуси Эрон студияи телевизионии «Садои мардум» таъсис дод. Маблағгузории пурраи ин лоиҳа 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Вазорати алоқа ва КСИР баҳри зиёд намудани таблиғоти ТЭТ ҲНИ сомонаҳои иттилоотии «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком»-ро таъсис доданд, ки ҳамарӯза дар онҳо маводи зиддиконститутсионӣ, зиддиҳукуматӣ ва хусусияти экстремистӣ дошта нашр мегарданд.  Бо дарназардошти ин ва меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқӣ ҳамаи сохтору филиалҳои КСИР, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ, ки фаъолияташ аз ҷониби Суди Олии ҶТ мамнуъ эълон шудааст, инчунин  сомонаҳои «Паём.нет», «Востокнюс», «Озодандешон», «Кимиёи Саодат», «Ахбор.ком» низ ташкилотҳои террористӣ шуморида мешаванд.

Қарори Вашингтон оид ба эълон намудани КСИР ва зертобеони онро, дар мисоли ТЭТ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ Вазорати корҳои хориҷии Баҳрайн, сарвазири Исроил Бинямин Нетаняҳу, ҳамчунин як гурӯҳ намояндагони воломақоме, ки кишварҳои онҳо низ дар натиҷаи фаъолияти КСИР зарар дидаанд, ҷонибдорӣ намуданд.  Дар шумори онҳо инчунин ташкилотҳои бонуфузе, чун СМЗШ, СҲШ, ИДМ, СААД дохил мешаванд, ки дар рӯйхати онҳо ТЭТ ҲНИ кайҳост чун ташкилоти террористӣ-эктремистӣ шинохта шудааст.

Олег Алексеев, ИА «Параллел»

Сарчашма - ЦентрАзия

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пуштибони ТТЭ ҲНИ – СПИИ созмони террористӣ эълон шуд