Хабарҳо
Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо интихобкунандагон - 12.02.2020 16:00
Сафари кории Раиси вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом - 12.02.2020 16:12
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи XX Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ иштирок намуданд - 13.02.2020 08:15
Хуҷанд. Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 13.02.2020 17:25
Шиносии Раиси вилоят аз фаъолияти корхонаи «Садаф» - 14.02.2020 14:47
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд шинос шуд - 14.02.2020 14:49
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Ҳукумат ва чандин вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд - 14.02.2020 17:12
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен - 15.02.2020 09:19
Спитамен: Раҷаббой Аҳмадзода барқарқароркунандагони сохти конститусиониро аёдат намуд - 15.02.2020 10:25
Баргузории ярмарка-фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ - 15.02.2020 14:26

Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Ворух

( 0 Овоз )

Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53 – и Ҷамоати деҳоти Ворух мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони ҷамоат баргузор гардид, ки дар он роҳбарони идораву сохторҳои вилоятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарияти шаҳри Исфара ва масъулини соҳаҳо ширкат варзиданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар мулоқот суханронӣ намуда, роҷеъ ба ҷараёни корҳои омодагӣ ва рафти бунёди иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят, аз ҷумла дар шаҳри Исфара ҳарф зад.

- Мулоқоти мо дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумиҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир мегардад, - зикр дошт Раиси вилоят.

Чуноне дар Паёми навбатии Президенти мамлакат зикр гардидааст, мақсади асосӣ аз эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Раҷаббой Аҳмадзода вазъи иқтисодии шаҳри Исфара, аз ҷумла Ҷамоати деҳоти Ворухро таҳлил намуда, роҷеъ ба дастовардҳо ва камбудиҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии шаҳр андешаҳои худро баён дошт.

Зикр гардид, ки шаҳри Исфара потенсиали баланди саноатӣ ва кишоварзӣ дошта, имкониятҳои ҷойдошта пурсамар мавриди баҳрабардорӣ қарор намегиранд. Чунончӣ, давоми соли гузашта 13 корхонаи саноатии шаҳр умуман фаъолият накардааст, ки боиси нигаронист.

Раиси вилоят бобати беҳтар намудани фаъолияти истеҳсолии коргоҳҳо, ташкили корхонаҳои басту банди мева, коркарди маҳсулоти ширӣ, таъсиси коргоҳҳои маишӣ - хизматрасонӣ, ифтитоҳи тарабхонаву ошхонаҳои миллӣ масъулинро вазифадор намуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади дастгирии соҳибкорон дар кишвар “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” амалӣ мегардад ва соҳибкорони маҳаллӣ аз ҳар ҷиҳат дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон ба роҳбарияти шаҳр бобати самаранок истифода бурдани замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва азхудкунии заминҳои нав, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи тухмипарварӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Ворух