Хабарҳо
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 17.10.2020 15:45

Таҷлили Рӯзи Модар дар вилояти Суғд

( 1 Овоз )

Видео :Таҷлили Рӯзи Модар дар вилояти Суғд 6 марти соли равон дар Қасри Арбоб бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханронии худ ҳозирин ва кулли модарони мушфиқ ва бонувони ғамхори вилоятро ба муносибати Рўзи Модар табрик гуфта, ба онҳо сиҳатмандиву хушбахтӣ, иқболи нек, толеи баланд ва рўзгори ободу осуда орзу намуд.

Таъкид гардид, ки модар рамзи офариниш, раҳму шафқат, покию назофат, ҳусну малоҳат буда, гармии қалб, фурўғи зиндагӣ, маънои ҳаёт ва ҳастии башарият ба номи ў пайванд дорад. Модар мураббии фарзандон, чароғи хонадон, посдори забон, ҳидоятгари хислатҳои неки инсон, тарғибгари суннатҳои ниёгон ва рукни пойдори ҷаҳон мебошад.

-Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси мақому мавқеи волои занону духтарон дурбинонаву хирадмандона изҳори андеша намуда, бо такя ба нерўи созандаи онҳо чунин баён доштанд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерўи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем. Баробари ин, медонем, ки зан модар аст, яъне ягона мавҷудест, ки инсонро ба дунё меорад ва ба ў ҳаёт мебахшад».

Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун тимсоли покиву садоқат, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накўкорӣ бо меҳру муҳаббат ситоиш гардидааст.

Мо ифтихор мекунем, ки модарони тоҷик рисолати муқаддаси хешро ҳамчун тарбиятгари фарзандони нобиғаву соҳибмаърифат, арзандаву шоистаи миллат, ватандўсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ва созандаву некрафтор чун ҳамеша имрўз низ идома мебахшанд,- иброз дошт Раиси вилоят.

Зикр карда шуд, ки иқдомҳои пайвастаи Пешвои миллат баҳри таҳкими нақши занон дар ҷомеа, фаъолгардонии онҳо ҷиҳати иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунию давлатдорӣ натиҷаҳои самарабахш ба бор меоваранд ва бонувони соҳибмаърифати мо дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа нақши муассири хешро гузошта истодаанд.

Аз 1 миллиону 315 ҳазор нафар занону духтарони вилоят 6733 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 1267 нафар дар мақомоти давлатӣ фаъолият мебаранд. Алҳол, аз ҳисоби занон 1 нафар муовини Раиси вилоят, 1 нафар роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, 1 нафар раиси шаҳр, 15 нафар муовини раисони шаҳру ноҳияҳо буда, 18 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 99 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва 543 нафар вакили ҷамоатҳо интихоб гардидаанд.

Боиси ифтихор аст, ки дар вилоят 6 нафар зан соҳиби унвони баланди Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, 236 нафар қаҳрамонмодар, 561 нафар дорандаи ордену медалҳо, 153 нафар барандаи унвону ҷоизаҳои давлатӣ, 51 нафар дорандаи медали «Хизмати шоиста», 139 нафар варзишгари номвар ҳастанд, ки аз иштироки фаъоли занон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шаҳодат медиҳад.

Дар соҳаи маориф 24 ҳазору 653 нафар занон кор мекунанд, ки аз онҳо 699 нафарашон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Саҳми устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят аз ҳисоби занон, ки дар тарбияи маънавию ташаккули зеҳнии ҷомеа нақши намоён доранд, шоистаи таҳсин аст. Дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилоят 20 нафар доктори илм ва 308 нафар номзади илм аз ҳисоби бонувон фаъолият доранд.

Дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз ҳисоби бонувон теъдоди кормандони соҳаи тиб боз ҳам афзуд. Ҳоло дар қаламрави вилоят зиёда аз 70 фоизи мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббиро занон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои тандурустии вилоят 16 нафар занони дорои унвони номзади илмҳои тиб фаъолият мебаранд. Аз 603 нафар роҳбарони муассисаҳои тиббии вилоят 159 нафар занон мебошанд.

Занону бонувон ҳамзамон дар дигар соҳаҳо низ софдилона меҳнат намуда, барои пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Изҳори умед карда шуд, ки занону модарони арҷманди мо баҳри боз ҳам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз ва некўаҳволии мардум саҳми босазои худро мегузоранд.

Дар охир аз ҷониби санъаткорони вилоят барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки боиси болидахотирии иштирокдорони чорабинӣ гардид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Таҷлили Рӯзи Модар дар вилояти Суғд