Хабарҳо
Ҷадвали нишастҳои матбуотӣ барои кормандони ВАО - 18.07.2019 14:53
Дар шаҳри Конибодом 11 майдончаи варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд - 18.07.2019 10:40
Дар нимсолаи якуми соли 2019 шумораи аъзои ҲХДТ дар вилоят 6834 нафар афзудааст - 18.07.2019 09:31
Таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ. Дар Суғд озмуни кулолгарӣ, чӯбтарошӣ ва сабадбофӣ гузаронида мешавад - 18.07.2019 08:53
Вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ - 18.07.2019 08:44
МУРОҶИАТИ ШАВҲАРИ ШОДРАВОН ФАЙЗИНИССО ВОҲИДОВА - 18.07.2019 06:03
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Корея Ли Нак Ён мулоқот намуданд - 17.07.2019 09:19
Суғд: Дар нимсолаи якуми соли равон 1429 иншооти ҷашнӣ мавриди истифода қарор гирифт - 16.07.2019 09:02
Мастчоҳ. Иҷроиши нақшаи андозҳо 102,8 фоиз таъмин гашт - 16.07.2019 08:45
Ҷаласаи фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар нимсолаи якуми соли 2019 - 16.07.2019 08:34

Раиси вилоят Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳхон Тоҳироваро аёдат намуд

( 0 Овоз )

Имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Рӯзи Модар ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳирова рафта, мавсуфро бо 95 солагиаш табрику таҳният гуфт.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Ҳамроҳхон Тоҳироваро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Модар ва бо 95 солагиаш таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки давлату Ҳукумат бо чунин занони матинирода, фарзона ва фазилатпешаи дуогӯйи миллат ифтихор менамояд.

Собиқадори меҳнат, Ҳамроҳхон Тоҳирова аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён кард. Мавсуф зимни суҳбат бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар барои шукуфоии бештари Тоҷикистон таманниёти худро иброз дошт.

Бояд қайд намуд, ки Ҳамроҳхон Тоҳирова Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ буда, дорандаи ордени "Ленин" мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳхон Тоҳироваро аёдат намуд