Хабарҳо
Раҷаббой Аҳмадзода ба ғолибони озмунҳои вилоятӣ беш аз 137 000 сомонӣ мукофотпулиҳо тақдим кард - 17.01.2020 16:06
Қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2019” - 17.01.2020 16:02
Ба Ғолибони озмуни вилоятии “Ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят” 25000 сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд - 17.01.2020 16:00
Ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид - 17.01.2020 13:27
Соли 2019 барои фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ ва иншооти обрасон 5,4 млн. сомонӣ ҷудо карда шуд - 17.01.2020 11:19
Боздиди кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 17.01.2020 10:54
Мулоқоти Раиси вилоят бо роҳбари ширкати «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Юан Син Мин - 16.01.2020 10:47
Сафари кории Раиси Раёсати умумии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон - 15.01.2020 21:45
Маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ - 15.01.2020 16:48
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истгоҳи обполоиро дар КВД «Обу корези Душанбе» ифтитоҳ намуданд - 15.01.2020 12:43

Дар маркази вилоят истгоҳҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

( 0 Овоз )

Дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани симои маркази маъмурии вилояти Суғд-шаҳри Хуҷанд ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар маркази вилоят сохтмони истгоҳҳои нав ҷараён дорад.

Чанде қабл бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Хуҷанд чор истгоҳи  муосири нақлиёти ҷамъиятӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ аз ҷониби ҶДММ «Суғдпайваст»  мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ сохта шуда, тибқи лоиҳа дар ҳар истгоҳ ҷойи нишаст, харитаи хатсайри автобусҳо, хизматрасонии мобилӣ ва ғайраҳо мавҷуд мебошад.

Тибқи иттилои масъулини сохтмон зимни бунёди истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ истифода шудааст. Ҳудуд ва атрофи ҳар истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин ба таъмини хизматрасонии босифат мусоидат хоҳад кард. Дар ҳар истгоҳ ду нафарӣ бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд. Маблағи умумии сохтмони як истгоҳ беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулини дахлдор супориш дод, ки минбаъд дар истгоҳҳо нуқтаҳои фурӯши рӯзномаву маҷалла, кортҳои электронии пардохти роҳкиро, обҳои ташнашикан, хизматрасонии компютерӣ, банкомат ва дигар хизматрасониҳои аввалиндараҷа муҳайё карда шаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки соли гузашта дар чаҳорчӯби амалишавии лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд» ба маркази вилоят 100 адад автобуси тамғаи “ЛИАЗ” ворид карда шуда буд. Бо мақсади таъмини ҳаракати муназзами нақлиёти ҷамъиятӣ ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ аз ҷониби идораҳои марбута сохтмони беш аз 150 истгоҳи муосир ба нақша гирифта шуда, ҳамакнун дар марҳилаи аввал чор истгоҳ ба истифода дода шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар маркази вилоят истгоҳҳои нав мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт